Амрико ва Исроил “ҳамкорӣ” доранд. Алайҳи Сурия
Рӯзномаи саҳюнистии "Ҷерулозолем Пост” дар хабаре бо нақли кулл аз мақомоти огоҳ мудаии мубоҳисот миён Бенямин Натаняҳу ва қонунгузорони амрикоӣ бо меҳвари ҳамкории Вашингтон ва Телавив алайҳи Сурия шуд.
Ин нашрия муддаӣ шудааст, ки дар рӯзҳои ахир Натаняҳу бо қонунгузорони амрикоӣ дар Телавив ба баҳс дар бораи ҳамкориҳои итилоотӣ миёни Амрико ва Исроил дар робита бо таслиҳоти кимиёии Сурия пардохтааст, ки ин мубоҳиса шомили тасовире мешавад, ки зоҳиран нишон медиҳад, ки сарбозони сурӣ дар ҳоли махрут кардани маводи кимиёӣ ба пур кардани даҳҳо бомб бо ин мавод ҳастанд. Телавив ин тасовирро ба Пентагон додааст.
Бар асоси ин хабар, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе бо Бил Нелсон, сенатори демократи амрикоӣ аз иёлоти Флорида, рузи душанбе бо Ренд Пул, сенатори ҷумҳурихоҳи иёлоти Кантокӣ ва ҳамчунин ҳайате аз чандин намояндаи ҷумҳурихоҳи кунгураи Арико дидор доштааст.
Илова бар ин, рӯзномаи амрикоии “Ню Йорк Таймз” низ рӯзи сешанбаи ҳафтаи равон гузориш дод, ки фармондеҳони аршади артиши Исроил авохири моҳи ноябри соли 2012 дар бораи тасовири моҳвораие, ки бар асоси иддаоҳои суратгирифта нишон медиҳанд, ки сарбозони сурӣ машғули таркиби маводи кимиёӣ, эҳтимолан гази самии дигарон, дар ду анбори захирасозии муҳимот ва пур кардани бомбҳои 500 пудӣ бо ин мавод ҳастанд, баҳс ва гуфтугӯ кардаанд.
Ҳамзамон, “Ҷерулозолем Пост”навиштааст, ки Натаняҳу дар тӯли ҳафатҳои ахир дар мавқеиятҳои мутаадиде дар бораи ҳамкории наздик миёни Телавив ва Вашингтон ва ҳамчунин ҳамкории дигар кишварҳо дар робита бо таслиҳори шимиёйи Сурия суҳбат карда аст. Гузоришҳо нишон медиҳа,д ки нахуствазири Исроил дар авохири декабри соли 2012 гуфтугӯҳои маҳрамонае дар Ӯрдун бо меҳвари захоири таслиҳоти кимиёии Сурия доштааст.
Расонаҳои сурӣ таъкид доранд, ки чунин фазосозиҳое муқаддима барои рӯзе аст, ки террористҳо таҳти ҳимояти молӣ ва таслиҳотии ғарб аз силоҳҳои кимиёӣ алайҳи мардуми Сурия истифода кунанд ва монанди қабл, ҷароими зидди башарии худро ба гардани артиши Сурия биандозанд.