Кумитаи эътилоф лоиҳаи «интихоби президент»-ро муҳокима менамояд
Фардо, 12-уми январ нишасти Кумитаи эътилофи интихоботи президенти Тоҷикистон доир мешавад.
Тибқи иттилоъи мубтакирони ин барнома, нишасти мазкур дар меҳмонхонаи “Гранд ҳотел”, воқеъ дар кӯчаи Бухорои пойтахт доир мешавад. Иштирок дар он озод буда, барои ширкат дар ҳамойиш беш аз 130 нафар, аз ҷумла, роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими кишвар, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи хабарнигорон даъват шудаанд.
Ин кумита моҳи сентябри соли 2012 аз ҳисоби аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст. Ба он ҳизбҳои сиёсии ба назар фаъоли мухолифи ҳукумат, монанди Ҳизби сотсиал-демократӣ, наҳзати исломӣ, демократӣ ва ҳатто ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат” шомил шудаанд.
-Мавзӯъе, ки дар нишаст баррасӣ мешавад, тарҳи лоиҳаи пешниҳоди Кумитаи эътилофи интихоботи президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон мебошад,-афзуд манбаъ.