Мухолифон бояд ба гуфтугӯ ҷаҳд намоянд
Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия ҳаракати сиёсии наверо барои густариши ҳамкорӣ ташкил кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ҳаракати мазкур, ки аз он «Сурийюн мин аҷли ал-димоқратия» ном мебаранд, аз тарафи фаъолони сиёсию фарҳангии ин кишвар ташкил гардида, сабаби ташкил гардидани онро заъфи сиёсӣ мавҷуд миёни гурӯҳҳои мухолифи Сурия унвон намудааст.
Ҳаракати тозатаъсиси мазкур эълон намуда, ки омодааст, то бо гуруҳҳои дигари мухолифи Сурия бе қайду шарт гуфтугӯ кунад.
Сухангӯи ҳаракати «Сурийюн мин аҷли ал-димоқратия» дар шаҳри Қоҳира ба мухбири шабакаи телевизионии «ал-Ҷазира» гуфта, ки мо шоҳиди заъфи ташкили маҷмӯаи сиёсӣ буда, ин талош барои таҷаммуи мухолифон ва ҳамоҳангӣ дар олитарин сатҳ мебошад.