Афзоиши интиқоли ҷасади тоҷикон аз Русия
Давоми соли гузашта аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 1 ҳазору 55 ҷасад интиқол ёфтааст.
Ин нуктаро Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии кишвар имрӯз, 18-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт.
Номбурда қайд кард, ки аз шумораи ҷасадҳои интиқолёта 30 фоизашро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба қавли вазири корҳои дохилӣ дар соли 2012 интиқоли ҷасади тоҷикон аз Русия ба кишварамон нисбати соли 2011 афзоиш ёфтааст.
Бояд зикр намуд, Русия аз кишварҳое мебошад, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ин кишвар сафар менамоянд.
Ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар ин кишвар ба сар мебаранд ва борҳо ба қатл расонидани муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сархати расонаҳо ҳамчун як мавзӯи марказӣ садо додаст.