Дастури «вижа»-и президенти Туркманистон
Хати роҳи оҳани байналмилалии Эрону Туркманистон ва Қазоқистон то декабри 2014 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Вазорати ҳамлу нақли кишвараш дастур додаст, то қисмати хати роҳи оҳани байналмилалии Эрон, Туркманистон ва Қазоқистонро, ки дар қаламрави ин кишвар нотамом мондааст, бо ҷалби мутахассисони хориҷию дохилӣ то декабри соли 2014 такмил намуда, ба истифода бидиҳад.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркманистон ҳафтаи гузашта Рӯзимурод Сайидқулов, муовини худ, ки оиди умури ҳамлу нақл ва иртибототро бар ӯҳда дошт, ба хотири кутоҳӣ намуданаш дар мавриди мақарри роҳи оҳани байналмилалии мазкур аз симаташ барканор карда буд.
Ёдрас менамоем, ки роҳи оҳани Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон 910 километр дарозӣ дошта, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани он 600 киллометр роҳ барои ҳамлу интиқоли коло барои кишварҳои ҳамсуд то Халиҷи Форс ва Аврупо кӯтоҳ хоҳад гашт.