Суғд: Беш аз 7 %-и ҷиноятҳо ба одамкушӣ рост меоянд
Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, ҷинояткорӣ дар ин вилоят коҳиш ёфтааст.
Шариф Назаров, сардори РВКД дар вилояти Суғд зимни як нишаст иброз дошт, ки дар соли гузашта дар қаламрави вилояти Суғд 3 ҳазору 723 ҷиноят содир гаштааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2011-ум 832 ҷиноят кам мебошад.
Ба қавли номбурда дар Суғд соли 2011 4 ҳазору 555 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.
Шариф Назаров илова кард, ки дар соли 2012 содирнамоии ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 187адад ё 7,1 %, вазнини ин соҳа 135 адад ё 18,2%, одамкушӣ 7,3 %, роҳзанӣ 55,6 %, ғоратгарӣ 38,5 %, каллобӣ 15 %, дуздӣ 1,1 % ва авбошӣ 57 %-ро ташкил намуд.