Исроил хаймаҳои фаластиниҳо дар минтақаи «E1» ро ҷамъоварӣ кард
Полиси режими саҳюнистӣ пас аз ихроҷи фаъолони фаластинӣ аз маҳалли урдугоҳи онҳо дар минтақаи «E1»-и Байтулмуқаддас, хаймаҳои онҳоро низ ҷамъоварӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз хабаргузории "Ройтерз", Мики Росенфлед, сухангӯи полиси режими саҳюнистӣ эълон кард, ки неруҳои исроилӣ субҳи рузи чаҳоршанбе хаймаҳои фаъолони фаластинӣ дар минтақаи «E1»и Байтулмуқаддасро ҷамъоварӣ кардааст. Вай афзуд: ин минтақа аз ҳамаи хаймаҳо тахлия шуда ва дигар музоҳимате вуҷуд надорад.
Пеш аз ин полиси саҳюнистӣ рузи якшанбе фалстиниҳои таҷаммуъкунанда дар минтақаи мавсум ба «E1» ро аз ин маҳал ихроҷ карда буд.
Ҳудуди 20 фалартинӣ рузи ҷумъаи гузашта бо барпоии хайма дар ин минтақа ва номгузории он ба унвони "пости Бобулшамс" хостори таваққуфи тарҳҳо барои шаҳраксозӣ дар ин минтақа шуданд.