Шӯъбаи маълумотдиҳии фурудгоҳ 1029 нафарро «огоҳ» кард
Аз системаи муосири иттилоотӣ, ки моҳи марти соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳандозӣ гардид, то аввали соли равон ҳудуди 15 027 нафар истифода кард.
Тавре Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ФБД ба Озодагон иттилоъ дод, ин навоварӣ бо ибтикори роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия амалӣ гардид. Гуфта мешавад, шӯъбаи маълумотдиҳӣ аз рӯи системаи ягонаи бахши муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия ба фаъолият оғоз карда, он марбути фурудгоҳи Душанбе аст: « Он ҳамарӯза ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусофирон дар бораи доштан ё надоштани иҷозаи вуруд ба қаламравӣ Русияро пешкаш менамояд. Ҳар як нафари муроҷиаткарда маълумоти зарурӣ ва дақиқро аз масъулони бахши маълумотдиҳӣ ройгон дастрас менамояд. Дастрас намудани маълумоти саҳеҳ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти муҳоҷирати кишварҳои Тоҷикистон ва Рӯсия имконпазир гардид».
Манбаъ афзуд, паҳлӯи мусбати кор дар он аст, ки ашхоси вурудашон ба қаламрави Русия манъ буда, иттилои пешакӣ гирифта, аз сафарҳои бебарор худдорӣ намуда, хароҷоти зиёдатии буҷаи хонаводагиро пешгирӣ менамоянд.
Ҳамзамон, аз хизматрасонии шӯъбаи мазкур дар соли гузашта 15.027 мусофир истифода намуданд, аз ин шумора 1029 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Русияро барои худ дарёфтанд, ки эҳтимолан ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардид. Аз моҳи декабри соли гузашта шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки пеш аз харидории чипта бо масъули бахши маълумотдиҳӣ Сайидхоҷа Умарзод оид ба дурустии ҳуҷҷатҳои расмӣ, шиноснома, шаҳодатномаи тавалллуд, маълумотномаҳо, ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ машварат намоянд.
Дар назар аст, ки дар мувофиқа бо ниҳодҳои қудратии Федератсияи Русия гирифтани маълумот дар режими «Онлайн» бобати масоили вуруд ба қаламрави он кишвар имкон пайдо мешавад. Алъон, маълумот танҳо аз хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнати ФР дастарс мегардад.