Эмомалӣ Раҳмон ва Си Си Ю дар Душанбе мулоқот доштанд
Имрӯз, 22-юми январ, райисҷумҳури Тоҷикистон, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди муносибати бонку Тоҷикистон баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки тайи 15 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзӣ, грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст. Ғайр аз ин, дар солҳои 2013-2014 барои беҳсозии роҳҳо, шабакаҳои барқӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ наздики 140 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо мегардад.
Ҳамзамон, иброз шуд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории ба ҳар ду ҷониб манфиатовар ҳанӯз зиёд аст: «Аз ин хотир ҳарду ҷониб ба рушди бештар ва тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикиву нақлиётӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, ҳавасмандии худро таъкид намуданд».