U-21: Тоҷикистон бо Литва рақобат мекунад
Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) имрӯз, 23-уми январ дар Санкт-Петербург дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 бо ҳамсолони литвагиашон вориди сабқат мешаванд.
Ин чорумин дидори мунтахаби Тоҷикистон дар доираи “Ҷоми Иттиҳод-2013” мебошад. Қабл аз ин футболбозони то 21-солаи тоҷик тими ҷавонони Эстонияро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар дидори дуюм онҳо мунтахаби Латвияро бо ҳамин ҳисоб мағлуб карданд. Аммо дар вохӯрии сеюм аз рақибони беларусашон бо ҳисоби 5:2 шикаст хурданд.
Гуфта мешавад, агар мунтахаби Тоҷикистон дар дар даври чорякниҳоӣ пирӯзӣ ба даст биёрад, дар даври нимниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Украина – Молдова қувваозмоӣ хоҳад кард. Ба ғайр аз дастаҳои Тоҷикистону Литва дар даври чорякниҳоӣ тимҳои Украина бо Молдова, Беларус у Қазоқистон ва Русия бо Ӯзбакистон миёни ҳам рақобат мекунанд. Дастаҳои Латвия, Қирғизистон, Туркманистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд. Рӯзи 24-уми январ Эстония - Туркманистон ва Қирғизистон - Латвия бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз гурӯҳи “А” тимҳои Беларус ва Тоҷикистон ба чорякфинал баромаданд. Ҳамчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм - Қазоқистон ва Молдова ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Аз гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Русия ва Ӯзбакистон, ки бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтанд, ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳ “С” бошад, Украина бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Литва бо 4 имтиёз мақоми дуюмро касб карда, ба чорякфинал роҳ ёфтанд.