Паёми Абдулқодирзода ба шайх Равил Гайнуддин
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи мавлуди Паёмбари ислом (с), ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба мусалмонони Русия паёми худро ирсол кард.
Абдулқодирзода мавлуди Паёмбари ислом (с), ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба шайх Равил Гайнуддин, муфтии аъзам ва раиси Шӯрои муфтиёти Русия табрик гуфт.
Ба навиштаи Хабаргузории байналмилалии “Қуръон” дар матни паём чунин омадааст: “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ барои Шумо самимона орзуи саломатӣ мекунам ва барои талоши ҷаноби олӣ ба нафъи ислом ва рифоҳи муслимини Русия муваффақият ва бурдборӣ мехоҳам. Ситоиш махсуси Худои сарчашмаи хубиҳост, ки ваҳдатро барои инсонҳо муқаррар фармудааст”.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин паём ҳамчунин роҷеъ ба тақвияти дӯстӣ ва ҳамкориҳои мусалмонони Тоҷикистону Русия ибрози умедворӣ кардааст.
Мавриди зикр аст, чанд рӯз қабл Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мӯҳлати баргузории «Мавлуди Паёмбари ислом»(с)-ро, ки ҳамасола дар тамоми масоҷиди кишвар аз он таҷлил карда мешавад, ду моҳ муқаррар кард.