Парлумон ба 5 лоиҳаи қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз, 23-уми январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ба панҷ лоиҳаи қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Тавре аз Парлумони Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Гуфта мешавад, вобаста ба масъалаи мазкур муовини вазири молияи Тоҷикистон Рӯҳулло Ҳакимов ва вакили Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев баромад намуда, таъкид карданд, ки дар лоиҳаи ин қонун меъёрҳои танзимкунандаи истеъфо ва нафақаи судяҳои Суди конститутсионӣ, аз ҷумла собиқаи кории касбӣ, ки барои ба истеъфо ва нафақа баромадани судяҳои мақомоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, инчунин андозаҳои фоизи таъминоти нафақавии онҳо пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади ба тарзи иловагӣ ба танзим даровардани имтиёзи судяҳо таҳия шудааст, пас аз суханронии муовини вазири молия Рӯҳулло Ҳакимов ва намояндаи халқ Дилшод Исматуллоев, қабул шуд.
Ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пас аз сӯҳбати раиси кумитаи андоз Нусратулло Давлатов ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов тағйирот ворид карда шуд. Зикр гардидааст, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин барои дуруст намудани тартиби ситонидани пардохт барои рекламаи берунӣ таҳия карда шудааст.
Дар қисмҳои 1,3 ва 4-и моддаи 2-и ин лоиҳа мақсади аниқ намудани муқаррароти амалкунанда дар якчанд моддаҳои матни тоҷикии қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» ва калимаҳои «ҳисоб карда мешаванд» ба калимаҳои «бевосита пардохта мешаванд» иваз карда шуда, барои ташкили назорат доир ба пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақомоти андоз моддаи нави 5 прим 1 илова гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар хотимаи ҷаласаи имрӯзаи худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо»-ро, ки ҳадаф аз он такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда, мутобиқати дохилии меъёрҳои он, ҳамчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои қонунгузории Тоҷикистон мебошад, пас аз суханронии вакилони Маҷлиси намояндагон Эшбурӣ Эсанқулов ва Низом Қосим қабул намуданд.