Шӯрои амният: 120 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 600 нафар аъзои созмонҳои экстремистӣ баррасӣ гардид
Рӯзи гузаштаи 24-уми январ дар Душанбе тҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
Тавре сомонаи расмии райисҷумҳур менависад, дар он роҳбарони ҳарду палатаҳои парлумон, нахуствазир, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти олии судӣ ва адлия, прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар соли 2012 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 16 ҳазору 600 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011 270 адад кам мебошад. Дар ин сол ҷиноятҳои вазнин 23 фоиз ва бо истифодаи аслиҳаи оташфишон 37 фоиз кам шудааст ва ин бо назардошти он, ки ҳолатҳои пинҳондории ҷиноятҳо ва ё ба қайд нагирифтани онҳо низ коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ соли 2012 дар ҳаҷми 166 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки қисмате аз онҳо ба сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ рост меояд.Дар соли 2012 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зиёда аз 5 тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд.
Ба навиштаи сомона, танҳо соли 2012 дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 442 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Зикр шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар зарфи 5 соли охир 128 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 626 нафар фаъолон ва ҷонибдорони созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди тафтиш қарор додаанд. То имрӯз нисбат ба 600 нафар аъзои созмонҳои диниву экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбакистон» ва «Ҷамъияти Таблиғ» беш аз 120 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.