«Роҳи дур ба Макка», ки дар Тоҷикистон қабул нашуда буд, ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
Ҳунарманди шинохтаи театри тоҷик Барзу Абдураззоқов бо ҳаводорону мухлисони ҳунараш дар дафтари марказии ҲНИТ мулоқот дошт.
Ин маҳфил, ки «Адабиёт ва андеша» ном дошта, чанд вақт боз чеҳраҳои саршиносро бо дӯстдорони каломи бадеъ ошно месозад, дар дилу дидаи ширкатдоронаш ҷо гирифтааст. Барзу Абдураззоқов пас аз сӯҳбати кӯтоҳе дар мавриди фаъолияти ояндааш гуфт, ки алъон як тарҳ бо Вазорати фарҳангӣ ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст, то ӯ осори «Баёноти сайёҳи Ҳинд» ва «Мунозара»-и Абдурауфи Фитрату баъзе аз порчаҳои «Таърихи инқилоби Бухоро» ва «Ҷаллодони Бухоро»-и устод Садриддин Айниро рӯйи саҳна оварад.
Ҳамзамон, аснои ба суоли яке аз ҳозирин, ки «дар сеюмин фестивали баргузоршуда дар шаҳри Алма-Ато ҷойи аввалро соҳиб шуда будед, вале чаро аз номи Тоҷикистон неву аз тарафи ҳамсоякишварамон Қирғизистон ширкат варзид», гуфт: «Ин намоишномаи маро, ки номи он «Роҳи дур ба Макка» мебошад, дар кишвар қабул накарда буданд ва ҳоло ҳам қабул надоранд. Аз ин хотир, мо онро ба Қирғизистон пешниҳод намудем. Зеро ин чизҳо барои қирғиз лозим ҳастанд, барои тоҷик бошад, мутаассифона, не».
Ба гуфтаи ин ҳунарманди тоҷик, чунин мавридҳо зиёд буда, худи ӯ дар бисёре аз кишварҳои хориҷ ҷоизаҳо ба даст овардааст, ки онҳоро дар Тоҷикистон қабул надоранд.