Дар давоми як моҳи ахир садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷони 20 нафарро гирифтаанд.
Бино ба иттилои РБДА
, шоми 27-уми январ, тахминан соати 18.20,
сарнишини воситаи нақлиёти тамғаи
“Опел-Астра”, Содиқов Зокирҷони 20-сола ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Турсунзода, аз самти ҷамоати Гарав ба сӯйи ҷамоати “1-уми май” дар ҳудуди деҳаи Регар бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, пиёдагард Тураев Абдусатор, соли таваллудаш 1974-ро зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад.
Манбаъ илова намуд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 69 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 20 нафар ба ҳалокат расида, 83 тани дигар ҷароҳтҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва дар беморхона бистарӣ гардидаанд.