Дар Душанбе ҳафтаи синамои Русия оғоз ёфт
Тавре ба Озодагон аз Маркази илмию фарҳангии ФР дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши филмҳои синамогарони рус дар ин марказ ҳамарӯза аз соати 10:00 то соати 15:00 баргузор мегардад.
-Дар доираи ин барнома маъруфтарин филмҳои русӣ, чун «Мимино» ва «Бандии Кавказ» ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки барои тамошобинони хурдсол намоиши филмҳои тасвирӣ низ ба роҳ монда шавад,-афзуд манбаъ.
Гуфтанист, намоиши филмҳои Русия то рӯзи 31-уми январ идома меёбад.