Ҳамкории Тоҷикистону Олмон: аз CASA-1000 то парвариши мева
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар, бо Сафири Ҷумҳурии Федаративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф мулоқот намуд.
Тавре дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон хабар доданд, дар ин мулоқот, ки имрӯз дар бинои худи вазорат сурат гирифт, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дар соҳаи энергетика ва саноат, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ, имконияти таъсиси корхонаи муштарак барои истеҳсоли батареяҳои офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, СASA-1000, соҳаи нассоҷӣ, коркарди мева ва сабзавот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, вазири энергетика ва саноати кишвар вусъат бахшидани корҳоро дар самти вобаста ба сохтмони НБО-хурди Оқ-Су -1 ва Оқ-Су-2 дар ноҳияи Мурғоб таъкид намуда, ҷалби сармоягузорони олмониро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук ва хўрокворӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Ёдрас менамоем, ки таҷдид ва сохтмони НБО-и хурди Оқ-Су бо ҷалби маблағҳои грантии Олмон дар назар дошта шудааст.