Тоҷикистону Словакия. 20-солагии ҳамкориҳои дипломатӣ
Имрӯз, 4 феврал аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Словакия 20 сол пур мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории судманд рушду рушд мекунанд.
-Яке аз соҳаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба рушд ва густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Байни Тоҷикистон ва Словакия 2 созишномаи дуҷониба - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба кӯмаки инвеститсионӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба савдо робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба имзо расидаанд,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Словакия дар ҳоли инкишоф қарор дошта, имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ пурра истифода нашудаанд.