Эътирози тоҷирон дар бозори «Сомон»
Рӯзи душанбеи 4 феврал аксари фурӯшандагони бозори"Сомон" –и шаҳри Хучанд даст ба эътироз заданд.
Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз маркази устони Суғд иттилоъ дод, бар хилофи риволи маъмул дари мағозахои худро боз накарданд ва даст ба митинги эътирозй заданд. «Онҳо ба иллати боло бурдани андоз аз 253 сомонӣ ба 353 сомонӣ даст аз кор кашиданд ва муштариёнро шигифтзада карданд. Фурӯшандагон мегӯянд, ин иқдоми масъулони бозор хилофи шартномахои дутарафа буда, ба зиёни ҳама ҳаст ва бо чунин вазъ кор кардан дар ин бозор дигар фоидае надорад».
Масъулони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин раиси Кумитаи андози ноҳияи мазкур барои мулоқот бо гирдиҳамомадагон ба ҷойи воқеа рафтаанд. Ҳоло музокирот давом дорад, аммо фурӯшандагон мегӯянд, ба ваъдахои масъулон бовар надоранд, зеро дар моҳи гузашта низ чунин гирдихамойӣ шуда буд ва масъулон ваъдаҳои ба фурӯшандагон додаашонро ичро накарданд.