Исроил ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурияро эътироф кард
Исроил ба таври ғайримустақим эътироф намуд, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба муассисаҳои низомии Сурия тавассути неруҳои ин кишвар анҷом дода шудааст.
Ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил дар конфронси байналмилалӣ, ки дар шаҳри Мюнхени Олмон идома дорад, бо ишора ба нуктаҳои боло гуфтааст: «Иттифоқе, ки чанд рӯз пеш рух дод, гувоҳӣ медиҳад, мо ба қавли худ пойбандем. Мо гуфта будем, ки иҷоза набояд дод, то силоҳҳои пешрафта ба Лубнон интиқол дода шавад».
Бояд гуфт, Тел-авив то кунун дар мавриди ҳамлаи ҳавоии рӯзи 30-уми январ ба хоки Сурия чизе нагуфта буд. Дар ҳоле ки аз анҷом дода шудани ин ҳамла аз сӯйи неруҳои низомии ин кишвар мақомоти амрикоӣ хабар дода буданд.