Дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор, рӯ ба рӯ бо идораи бинои ҷамоат як бинои 3-ошёна бо 3 қисмат, ки беш аз 1-гектар заминро «забт» кардааст, бекор ва ба ҳоли худ партофта шудааст. Ба гуфтаи сокинони рустои Арча, мавзеи қарордоди иншооти бекормондаро ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохтмончиёни шӯравӣ барои бунёд намудани мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз карда будаанд.Тайи як муддати кӯтоҳ, дар ҳамон давра тdақрибан 70-фисади сохтмон ба анҷом расонида шуда буд. Мутаассифона, аснои ҷушу хӯруши кор дар ин сохтмон, СССР пош хӯрду корҳои сохтмонӣ ҳам ин ҷо ба таъхир афтод. Вале баъдан маълум гашт, ки таъхир не ки ба пуррагӣ қатъ гардид. Акнун, дигар иншооти мазкур хусусӣ шудааст ва ё ҳанӯз ҳам дар қайди ҳукумати ноҳия мебошад, дигар касе бо шумули ноҳиядорон, ба дурустӣ маълум карда наметавонанд. Аммо саволи кушода ин аст, ки агар хусусӣ бошад, кӣ ва кадом масъул онро ғайриқонунӣ ба савдо задаасту агар давлатӣ бошад, чаро масъулини ҳукумати ноҳия ва ҷамоати деҳот дар мавриди ба анҷом расонидани сохтмони он, ки ҳамагӣ, шояд 30-фисади сохтмонаш ҳам намонда бошад, коҳиливу бемасъулияти мекунанд?
Райисон меоянду мераванд, аммо сохтмон ҳанӯз дар як ҷо «по» мекӯбад
Ба таҳқиқи коршиносон, корҳои асосии сохтмонӣ дар ин иншоот ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Ҳар се қисмати биноҳо то ошёнаи сеюм бо истифода аз деворҳои оҳану бетонӣ ва корҳои монтажкунонӣ бо ҷудо гаштани ҳар як синфхона дар алоҳидагӣ, фаршҳои бетонӣ, нардбони оҳану бетонӣ барои баромадан ба ҳар ошёна ва дигар қисматҳои сохтмонӣ аллакай бунёд ёфтаву бо кучактарин корҳои сохтмонӣ ва камтарин маблағ, метавон онро мавриди истифода қарор дод. Вале бо гузашти 20-соли истиқлолият, иншооти тақрибан тайёрро ноҳиядорони рафтаву омада (таври маълум, раисони ноҳия ҳамагӣ ба мӯҳлати муайяни аз 3 то 5-сол меоянду мераванд), наметавонанд, аниқтараш намехоҳанд ба кор дароваранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои ба мактаб табдил додани ин иншоот танҳо боми биноҳоро пӯшондану васл намудани дару тирезаҳо мондаасту бас. Барои анҷоми ин корҳо паҳлӯи бинои иншоот борбардор ё худ крани бузурги релсӣ мавҷуд аст, ки низ бо иллати солҳои зиёд фаъол набудан, шояд корношоям ҳам гашта бошад. Масъулини ҷамоат бошанд, аз мавҷудияти як иншооти бузурги таҳсилотӣ, ки махсус барои фарзандони онҳо пешбинӣ шуда буду ҳамагӣ чанд қадам аз ҷои корашон бунёд ёфтан дошт, на танҳо фаромӯш кардаанд, ки дар ин бора ҳатто фикр кардан намехоҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҷамоатчиён сокинони ҳамин рустоҳои наздик ба «мактаби фикрӣ» мебошанд. Вале мутаасифона, 2-маротибае, ки ба идораи ҷамоат омадем омадем, раисро дарёфт карда натавонистем.
Қурбонбой Каримову Абдуҷаббор Раҳмонов хабар доранд?
Гуфта мешавад, дар ҳоле ки дар ҳамаи кишвар, ба хусус дар ноҳияи Фархор, гузашта аз ин дар ҳамин ҷамоат нарасидани макотиб мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад, вале як бинои тайёри замонавиро наметавонанд бо сарфи андак маблағ мавриди истифодаи хонандагон қарор диҳанд.
Ин ҷо саволи матраҳ ба вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов ин аст, ки аз ин иншоот хабар дорад ё не? Оё медонад, ки бо гузашти боз чанд муддате ин биноҳо, ҳарчанд ки оҳану бетонӣ ҳам бошанд, харобу вайрон мегарданд? Биноҳое, ки агар маблағи дар сохтмон сарфшудаашонро бо маблағи имрӯза ҳисоб кунем, шояд аз 100-милён сомонӣ зиёд бошад. Ё шояд, Қурбонбой Каримов, раиси вақти ноҳияи Фархору Абдуҷаббор Раҳмонов боз ҳам интизори онро доранд, ки кай президент аз ин ноҳия дидан кардаву ҳамин иншоотро мебинаду барои ба анҷом расонидани сохтмонаш амр медиҳад?
Ё боз ҳам интизор менишинем, ки кадом ташкилоти хориҷие бо хоҳишу илтимоси ҳукумати марказӣ бароямон мактаб месозад?
Аслиддин Достиев