Манбаъ афзуд, дипломати тоҷик таваҷҷўҳи мусоҳибро ба маълумоти паҳннамудаи агентии иттилоотии CA-NEWS (UZ), бо ишора бо агентии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон, ки гӯё зимни вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон дар Брюссел 29 ноябри соли ҷорӣ ў мавқеи Ӯзбакистонро оид ба ғайрисалоҳ будани сохтмони НОБ-и Роғун дастгирӣ намуда аст, равона сохт.
Ҳамзамон, вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле ин маълумотро рад намуда, изҳор кард, ки маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон оид ба мавқеи ў нисбати НОБ-и Роғун ҳақиқати воқеӣ надорад. Ӯ таъкид намуд, ки дар вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон даъват кардааст, ки бояд мунтазири хулосаи ташхиси НОБ-и Роғун аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ шавем.Элизабет Йеггле афзуд, ки ӯ ҳеч гоҳ зидди сохтмони НОБ-и Роғун баромад накардааст. Вакили Парлумони Аврупо илова кард, ки давоми соли равон Ӯзбакистон барои дуввумин маротиба мавқеи ўро оид ба масъалаи сохтмони НОБ-и Роғун таҳриф намудааст. Дар интиҳо, Элизабет Йеггле аз сафири Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки мавқеи расмии ў оид ба сохтмони НОБ-и Роғунро ба ҳукумати Тоҷикистон тавассути ВАО ба сокинони кишвар ироа намоянд.