Гапу гапчаҳо сари бунёди неругоҳи Роғун имсол ҳам хомӯш нашуд, балки ба маротиб афзуд. ӯзбакистон бо баёнияву изҳороту гоҳе фишору гоҳе ғазаб содиқ буданаш ба монеи бунёди ин иншооти азими гидроэнергетикии Тоҷикистонро намоиш дод.
Дар ҳоле, ки райисҷумҳур ҳамеша дар мавриди истифодаи оқилонаи замин сӯҳбат намуда, мақомоти прокуратура аз боздошти заминфурӯшон хабар медиҳанд, парлумон 999 километри квадратӣ замини Тоҷикистонро ба Чин дод ва ҳатто мақомот ин амалро навъе пирӯзии дипломатияи Тоҷикистон ҳам унвон карданд.
Дар пайи амалиётҳо дар шарқи Тоҷикистон мақомот аз кушта шудани Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ хабар доданд, аммо баъди чанд рӯз дар интернет наворе пайдо шуд, ки зоҳиран дар он Алии Бедакӣ аз сӯйи низомиён бозпурсӣ мешуд.
Таззоди дигар ин аст, ки зимни як дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар Душанбе райисҷумҳури Русия ба хабарнигорон гуфт, Маскаву Душанбе дар мавриди то 49 соли дигар тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия ба созиш расидаанд.
Ду халабони ширкати "Ролкан" бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 8,5 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, аммо баъдан таҳти фишори ҷониби Русия раҳо гардиданд.
Борис Гризлов, райиси пешини Думаи давлатии Русия, ки гоҳ-гоҳе аз худ ба унвони дӯсти тоҷикон дарак медод, изҳор намуд, ки дар агар Тоҷикистон барои бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон иҷоза надиҳад, Маскав бояд барои муҳоҷирони кории тоҷик низоми раводид ҷорӣ кунад.
Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон аз минбари Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳисобот дод, аммо расонаҳо аз марги Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев ду сокини шаҳри Душанбе навиштанд, ки бино ба иддаои пайвандонашон зери лату куби кормандони милиса ба ҳалокат расидаанд.
ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии ВВС дар вилояти Суғд ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" дар шимоли Тоҷикистон аз сӯи мақомоти кишвар боздошт шуданд. Аввалӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти табушудаи Ҳизб-ут-Таҳрир ва дуюмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ва тамаъҷӯиву маҳалгароӣ муҷрим дониста мешуданд. Аммо дар пайи сару садоҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва дигар созмонҳои байналмилаливу дохилӣ, ҳамчунин журналистон, билохира ҳар ду рӯзноманигор ба озодӣ баромаданд.
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар баргузор намудани рӯзи "Ошуро" муттаҳам кард. Тӯраҷонзодаҳо бошанд, ин иддаоро бепоя хонда, гуфтанд, ки танҳо аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ кардаанд. Дар пайи ин қазия райиси Шӯрои уламо алайҳи Тураҷонзодаҳо ба додгоҳ шикоят бурд. Тӯраҷонзодаҳо низ дар навбати худ аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба додгоҳ ариза навиштанд. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар посух ба шикояти райиси Шӯрои уламо бародарон Тураҷонзодаҳоро бо ҷурми таҳқир ва тавҳин муҷрим шинохта, ҳар кадомеро 350 сомонӣ ҷарима баст, аммо натиҷаи даъвои Тӯраҷонзодаҳо ҳанӯз рӯшан нест.