Дар аксари ниҳодҳо барои ҳалли мушкилатон бо худ бурдани шинос ё занги телефонии шинос аҳамияти калон дорад. Кореро, ки тавассути шинос дар як рӯз ҳал менамоед, бе шинос рӯзҳову моҳҳо зарур меоянд, то ҳалли худро ёбад. Имрӯз ҳамватанони мо бидуни шинос ба шифохона рафтан метарсанд. Аз он меҳаросанд, ки духтури ношинос метавонад, эшонро ба хотири ситонидани маблағ ё харидани доруҳояш ба кадом бемории набуда гирифтор шуморад ё ҳадди ақал ба табобати шумо ҷиддӣ машғул нагардад.
Оре, имрӯз шиносҳо хеле муҳиманд. Барои шомил кардани фарзандон ба Донишгоҳ шинос лозим, барои аз хизмати ҳарбӣ "гурезондан" ҳам шинос зарур, баҳри ба ин ё он идора ба кор қабул намуданашон ошнои зӯр даркор аст...
Агар нафарони шиносдору серёру ошно бе дарди сару бидуни мушкилоти ҷиддӣ ба сар баранд, бешиносҳо дар ҷомеаи мо ғарқи гирдоби мушкилот мебошанд.
Дар Тоҷикистони имрӯза ҳатто пул наметавонад нақши шиносро иҷро намояд. Агар чанд сол қабл мардуми оддӣ фикр мекарданд, ки ҳамаи мушкилро метавон бо роҳи сарфи пул бартараф намуд ва "пул бошад дар ҷангал шӯрбо мешавад" мегуфтанд, алҳол ин фикрро билкулл ғалат аст. Зеро ҳатто барои пешниҳоди пул низ ҷаноби шинос бениҳоят зарур аст. Ҳоло пулро аз дасти ношинос на ҳама мегиранд. Яъне, барои пора додан низ мардум ба шинос зор мегарданд.
Аммо чӣ касоне метавонанд, ба ҳайси шинос хизмат намоянд? Дар нақши шинос метавонанд, тағоҳо, амакҳо, ҳамшаҳриҳо, ҷӯраҳо… ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳамчунин сатҳи иҷтимоии шиносҳо дар ҳалли мушкилот хеле муҳим аст.
Ҳоло пурсише посух мехоҳад, ки чаро чунин аст? Чаро бидуни шинос наметавон кореро анҷом дод? Фикр намекунед, ки ин ҳама ба ҷойгоҳи сазовор надоштани қонун бармехӯрад? Охир на ҳама вақт корафтодагон барои қонунӣ кардани амали ғайриқонунӣ пеши шиносон мераванд. Аксар вақт барои анҷом додани коре, ки ҳаққи қонунияшон аст, маҷбур мешаванд сари ниёз пеши шинос баранд. Агар қонунҳо ба таври бояд дар кишвари мо амал менамуданд, ҳар вазифадору мансабдор масъулияти худро дар назди қонун иҷро мекард, мушкили корафтодагон ба таври сода роҳи ҳал пайдо менамуд ва ҳоҷат ба ҳеч шиносу ошное намемонд.
Шиносбозӣ дар ҷомеаи мо аз он мегӯяд, ки дар ин ҷомеаи мо муҳимтар аз қонунҳо низ вуҷуд дорад.
Пас, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон қонунро на барои ҳама менависанд ва на ҳама ғуломи қонунанд. Баръакс, ба назар менамояд, ки қонун ғуломи бархеҳо шуда, барои бечораҳо маҳаки зиндагист. Ночор бечораи бепушту паноҳ қонунро риоя мекунад, моҳҳо аз паси шинос медавад ва ба натиҷае намерасад.
Аммо иддае бологузару қонуннописанд боз ҳам ба ҳар васила, аз ҷумла тариқи ёру ошнобозӣ ба мақсад мерасанд ва қонунҳоро нодида мегиранду зери по мекунанд.
Ин бе ошнову бе тағо мемонад, сари дуроҳаи бероҳагӣ. Куҷо раваду пеши кӣ арз кунад? Магарам пеши Худо.
Азизи Нақибзод