Мурофиаи додгоҳии ба таъхирафтодаи бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз болои раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода имрӯз соати 10:00 дар толори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, пас аз анҷоми мурофиа ба хабарнигори «Озодагон», ки дар берун аз толори мурофиа буд, гуфт: «Мурофиаи имрӯза бо ширкати шоҳидон ҷараён гирифт. Дар ин ҷаласа баъзе шоҳидҳо аз ҷониби мо ва баъзеи дигар аз ҷониби Саидмукаррам ҳузур доштанд. Саволҳои мо ба шоҳидон ин буд, ки дар Шӯрои уламо чанд санад қабул шудааст? Зеро дар матбуот аз номи Шӯрои уламо се санад қабул шуда, ки як санад бо номи қарор, дигаре зери унвони Тӯраҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи фитна қарор доранд ва санади дигар бо номи эроди Шӯрои уламо аз амали Тӯраҷонзодаҳо мебошад».
Ҳамзамон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҷаласаҳои авали додгоҳӣ эътироф кард, ки ду санад қабул кардаанд, қарор ва муроҷиатнома. Ва мо аз таҳиқирҳое, ки дар он қарору муроҷиатнома буданд, аз шоҳидон суол кардем, ки ҳамин гуна ҳарфҳо вақти қабули ин санадҳо буд? Шоҳидон мегӯянд, ин хел гап набуд, мо нашунидем, ки дар он ҷо касе гуфта бошад. Фақат шоҳиди Абдулқодирзода Мулло Абдураҳим, хатиби шаҳри Ваҳдат гуфт, ки бале ҳамон ҷо як калима як кас гуфт, ки Тураҷонзодаҳо динфурӯшанд. Ҳарчанд пурсидем, ки ин калимаро аз аз забони кадоме шунидӣ, мегӯяд намедонам, вале касе гуфт.
-Шоҳидони мо се нафар буданд, Мулло Давлат, имоми масҷиди маҳаллаи Қазоқон, Домулло Имомуддин, устоди Донишгоҳи Исломӣ ва Мулло Маъруф, сархатиби масҷиди Саросиё,-афзуд Тӯраҷонзода. Бино ба қавли ӯ, Мулло Маъруф эътироф карда, ки танҳо қарор қабул шуда аст, муроҷиатнома набуд, аз матни муроҷиатнома, ки дар он ҳақорати зиёд алайҳи Тураҷонзодаҳо аст, хабар надорам. Ва ҳамзамон, Мулло Маъруф илова намудааст, ки қарори қабул шуда аз 4 банд иборат аст, аммо қароре, ки ба мардум паҳн шуд, 6 банд дорад.
Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ба саволҳои мо, ки чаро моро даъват накардед, касе ҷавоб намедиҳад. Суол кардем, ки пеш аз он ки Шумо муҳокима кардед, навори баргузории маросими Ошӯроро дида будед? Мегӯянд, не надида будем. Ягон бор дар чунин маросим иштирок кардед, посухашон ин буд, ки не, накардем. Суоли дигари мо ин буд, ки ду шоҳиди беғараз доред, ки дар маросими Ошӯро иштирок карда бошад ва дар маҷлисатон дидаву шунидаҳошро барои шумо гуфта бошад? Эшон гуфтанд, ки не, надорем ин хел шоҳид.
Пурсишҳои бепосух. Дар толори додгоҳ
Тӯраҷонзода мегӯяд, мутаасифона, мо ба қисме аз суолҳои посухталаби худ ҷавоб гирифта натавонистем. Суол кардем, ки пас дар асоси чӣ Шумо қарор қабул кардед? Маросими «Ошӯро»-ро танҳо як нафар- Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода гузаронид. Пурсидем, ки чаро Шумо дар ин ҷо оли Тӯраҷонзодаҳо гуфтед? Тӯраҷонзодаҳо 100 нафар ҳастанд, оё ҳамаи онҳо гунаҳгоранд? Аммо касе ҳозир нашуд, ки ба ин суолҳо ҷавоб гӯяд.
Дар ҳамин ҳол Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Тӯраҷонзодаҳо изҳор дошт, имрӯз вақте ки мурофиаи додгоҳӣ оғоз шуд, нахуст масъалаи омадану наомадани шоҳидон баррасӣ гардид. Суд оид ба он эрод гирифт, ки гуё тарафи ҳимоя, «айбдоркунҳои хусусӣ» шоҳидонро сари вақт таъмин накарда бошад. Мо ба суд фаҳмонда додем, ки шоҳидон аз он сабаб сари вақт дар мурофиа ҳозир нашуданд, ки аз тарафи як қатор мақомот дидаву дониста барои ҳозир шудани онҳо ба суд монеъа эҷод мекунанд. Номбурда ба далели гуфтаҳои боло мегӯяд, Ҷалолов Давлат, имоми масҷиди Қазоқон дар рафти мурофиаи имрӯза рӯирост изҳор дошт ки: «Ман ҳақиқатан дар мурофиаи гузашта омада будам. Маро намояндаҳои мақомот бо баҳонаҳои беасос, оид ба он, ки гӯё ким- чӣ хел террорист пайдо шудаасту наворҳоро дидан даркор, гирифта бурданд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 10 феврали соли равон Тӯраҷонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки "Эшони Алломаи Регарӣ ба ман занг зада гуфт, ки ҳамин шаб раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Турсунзодаву як нафари дигар омада аз ӯ зиёд хоҳиш кардаанд, ки ба ин корҳо ҳамроҳ нашавед. Яъне, ҳам насиҳату ҳам супориш додаанд, ки ин кор оқибати хуб надорад. Мо намедонем, шояд шоҳидони дигарамонро ҳам чунин тарсонда бошанд, ба ҳар ҳол баъди суд маълум мешавад".
Суд ҳал мекунад. Рӯзи 16-уми феврал
Ҳамин тариқ, Зокир Аминов, райиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то соати 14 танаффус эълом кард. Баъдан мурофиа дар вақти муайяншуда шурӯъ гардида, тибқи иттилои Ҷамшед Ёров, яке аз дигар вакилони мудофеъи Тӯраҷонзодаҳо фардо, рӯзи 16-уми феврал ҷаласаи охирини додгоҳӣ сурат пазируфта, қарори марбута эълон хоҳад шуд.
Ёдрас менамоем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.
Ибодуллоҳи Тоир