Мутаасифона, барои масъулини ҳукумати Тоҷикистон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ расм шудааст, ки танҳо баъди воқеа, яъне зарар расидан ба аҳолӣ ва вайрон гаштани даҳҳо гектар заминҳои корам аз офату селзанӣ, дар пайи соҳилмустаҳкамкунӣ мегарданд ва доду фиғон мекунанд.
Аввали ҳамин моҳ бо далели бориши зиёд оби рудхонаи Сурхоб баланд гардида, дар баъзе аз мавзеҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб зарари ҷиддӣ расонд. Сел дар рустои Қиблайии ҷамоати деҳоти Қушқия 7 манзили зистро ба пуррагӣ ба комаш бурда, зиёда аз 7 гектар замини кишоварзиро вайрон кард. Хушбахтона, талафоти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Он чӣ, ки бархе расонаҳои хабарӣ туъмаи сел гаштани беш аз 30 хонаи истиқоматиро дар ин русто хабар додаанд, андак воҳима буд. Аз чӣ бошад, ки ҳатто масъулини ноҳия низ ҳавасманди паҳн шудани ин гуна овозаҳо буданд. Неъматуллоҳ Темуров, муовини раиси ноҳия дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои «Садои Хуросон» иттилоъ додааст, ки 32 хонаи истиқоматии сокинони рустои Қиблайиро селоба ба пуррагӣ тахриб кардааст. Ҳол он ки бино ба иттилои аз ҳукумати ноҳия расида, дар ҳамин русто 41 оила ба сар мебурдаанд, ки тавре гуфтем, дар аввалин обхезӣ 7 манзили он хароб гашт. 25 хонаи дигарро, ки наздики соҳил будаву зери хатар қарор доштаанд, бо ташаббуси кормандони ҷамоати деҳот ва кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи бехавф кӯчонида, маҳсулоти зарурии хонаҳоро низ канда ба соҳибонашон додаанд. Яъне, ин амалиёти пешгирӣ аз офат буд, ки бомуваффақият ба анҷом расид. Баъди 3 рӯзи селзанӣ бо ташаббуси раиси вилоят Ғайбуллоҳ Афзалов, ба сокинони русто 30 хайма-хонаҳои сайёр аз ҷониби кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақаи Кӯлоб ва 10 хаймаи дигар аз ҷониби ташкилоти байналмиллалии Салиби Сурх кӯмак расонида шуд. Дар ҳоли ҳозир дар мавзеи офатзада ситоди махсуси ҳукуматӣ ташкил ёфта, табибон барои кӯмак ба зарардидагон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Тибқи иттилоъ, ҳанӯз ягон бемории сироятӣ миёни офатзадагон ошкор нагаштааст ва вазъият таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Рустои Қиблайӣ дар наздики соҳили дарёи Сурхоб мавқеъ гашта ҳамасола хатари селзанӣ барои сокинони он таҳдид мекунад. Тибқи хабари ҳукуматдорон, барои пешгирӣ аз хатар ҳанӯз 20 сол қабл ҳукумати маҳаллӣ барои сокинон дар ҷойи бехавфтар, дар рустои Танобчӣ қитъаи замин барои бунёди хона ҷудо намуд. То имрӯз аҳолӣ барои кӯч бастан ташвиқот мешавад, аммо рустоиҳо намехоҳанд тарки мавзеъ намоянд. Бархе сокинон бошанд, мегӯянд, дар бораи тақсимоти замин барои хонасозӣ хабаре надоштанд.
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки руди Сурхоб дар масофаи даҳҳо километр эҳтиёҷ ба соҳилмустаҳкамкунӣ дорад. Агарчӣ ҳамасола бо фарорасии баҳор ва айёми селфароӣ заминҳои зиёд ва манзили зисти одамон дар рустоҳои наздисоҳилии навоҳии минтақа зарар мебинанд, аммо ҳамоно соҳилмустаҳкамкунӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда намешавад ва ҳамон саддҳои кучак ҳам бо аввалин селхезӣ вайрону валангор гашта, дигар қувваи ҳифзро гум мекунанд. Таври маълум ин оқибатҳои нохушро ба думбол дорад. Мутаасифона, барои масъулини ҳукумати Тоҷикистон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ расм шудааст, ки танҳо баъди воқеа, яъне зарар расидан ба аҳолӣ ва вайрон гаштани даҳҳо гектар заминҳои корам аз офату селзанӣ, дар пайи соҳилмустаҳкамкунӣ мегарданд ва доду фиғон мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ин гуна маврид ҳазорон сомонии барои кӯмаки аҳолӣ ва саддгузории соҳилҳо ҷудо мешуда, ба коми сел мераванд. Ҳол он ки метавон ҳамон соҳилҳои хатарзоро дар тобистону тирамоҳ, ҳангоме ки оби рудҳо кам мегарданд, саддгузориву мустаҳкам намуд. Агарчӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ маблағи зиёд зарур аст, вале барои пешгирӣ аз нохушӣ метавон дар аввал соҳилҳои хатарзои рустову деҳоти наздисоҳилиро мустаҳкам кард. Аммо на тавассути ҳашар ва симтурҳои бо сангча пуркардашуда, зеро хатарро пешгирӣ мебояд, вагарна бо инчунин амалиёти ғайрикасбӣ ҳамасола дар дарёҳову обпартовҳо «соҳилмустаҳкамкунӣ» идома ёфтан мегираду миллионҳо сомонӣ маблағҳо «ҳақи ҳалоли сел» мегардад.
Аслиддин Достиев