«Ба масулъулин гуфтам, ки чаро қавл дода, иҷро накардед? Гуфтанд, ки «корамон зиёд аст ва моҳи июн меоем». Гуфтам се рӯзи дигар вақт доред, агар дар ин фурсат ба Душанбе наоед, ба Боку меравам ва аз раисҷумҳур хоҳиш мекунам, ки ҳайати дигарро фиристад, то масъулиятро бишносад».
Аббосалӣ Ҳасанов, сафири ҷумҳурии Озорбойҷон дар Тоҷикистон гуфт миёни Боку ва Душанбе ҳеҷ мушкили сиёсӣ мавҷуд нест. Аммо ҷаноби сафир аз мизони мубодилаи мол миёни ду кишвар нигаронӣ кард.
Аббосалӣ Ҳасанов зимни нишасти хабарие ба муносибати 20-умин солгарди оғози муносибатҳои дипломатии Озорбойҷону Тоҷикистон дар қароргоҳи сафорат қайд намуд, ки гардиши мол миёни ду кишвар ҳудуди 22 миллион долларро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист. Аммо номбурда гуфт, коҳиши гардиши мол ба ду далел аст: «Далели аввал ҷангест, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ду кишвар аз сар гузаронданд. Далели дуюм набудани парвози мустақим миёни Тоҷикистону Озарбойҷон аст».
Ҷаноби сафир афзуд, ки ҷониби Озорбойҷон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо аст: «Дар масъалаи интиқоли алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон мо метавонем бештар ҳамкорӣ бикунем. Озорбойҷон маҳсулоти мавриди ниёзашро аз кишварҳои дигар мехарад, аммо имкон дорад, ки мо онро аз корхонаи алюминии Тоҷикистон бихарем. Бо раиси ширкати Талко дар ин самт як мулоқот ҳам доштем ва имкониятҳои содирти ин навъи маҳсулотро баррасӣ намудем. Мушаххас кардем, ки то 15-уми май як ҳайати Озорбойҷон ба Тоҷикистон омада дар ин самт музокиротро шурӯъ намоянд ва санадҳои лозимиро имзо бигузоранд. Бо масъулини озорбойҷонӣ ҳам сӯҳбатҳо шуд ва мувофиқа кардем, ки биёянду баъди имзои созишномаи ҳамкорӣ алюминии Тоҷикистонро ба Озарбойҷон интиқол диҳанд. Вақти муайяншуда фаро расид, вале аз ҷониби масъулини Озарбойҷон, ки қавл дода буданд, то 15-уми май меоянд, садое нашуд. Барои муайян кардани сабабҳои наомадани намояндаҳо бо Боку тамос гирифтем. Ба масулъулин гуфтам, ки чаро қавл дода, иҷро накардед? Гуфтанд, ки «корамон зиёд аст ва моҳи июн меоем». Гуфтам се рӯзи дигар вақт доред, агар дар ин фурсат наоед, ба Боку меравам ва аз раисҷумҳур хоҳиш мекунам, ки ҳайати дигарро фиристад, то масъулиятро бишносад. Аммо далел пеш оварданд, ки ҳоло мубодилоти тиҷоратӣ миёни ин кишвар поён аст, дар сатҳи шоиста нест ва дувум парвози мустақим байни Боку ва Душанбе мавҷуд нест. Сафире, ки қавл медиҳаду иҷро намекунад беҳтараш ҷомадонашро бигираду баргардад».
Дар ҳамин ҳол бархе коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ва Озорбойҷонро мебояд ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ чун дигар кишварҳои пешрафта, ҳар чи зудтар аз зарфиятҳои зиёди мавҷудаашон истифода баранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Аббосалӣ Ҳасанов изҳор дошт, ки барои ташаккули ҳамкориҳои иқтисодву тиҷоратӣ миёни Боку ва Душанбе имкониятҳои кофӣ вуҷуд дорад, вале аз чунин зарфиятҳо ба таври муассир истифода нашудааст. Ҷаноби сафир таъкид кард, ки соли 2013, бо ҷалб намудани сармояи ширкатҳои хусусӣ ва давлатии Озарбойҷон, гардиши мол миёни ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Масъалаи дигаре, ки дар нишасти мазкур матраҳ гардид, баргузории озмуни «Евровижн» дар шаҳри Боку буд. Сафири Озорбойҷон дар Тоҷикистон баргузории ин озмунро фурсате барои ба ҳам овардани фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон унвон кард. Номбурда илова намуд, ки баргузории ин озмуни мусиқӣ дар Озарбойҷон баёнгари он аст, ки озариҳо ба фарҳанг ва мусиқии миллатҳои дигари ҷаҳон эҳтиром мегузоранд: «Ин озмун саршор аз омезиши муситқии апрупоӣ ва мусиқии миллии озарбойҷонӣ буда, барои доир намудани он мақомаоти Озарбойҷон толори бузургеро бо номи «Кристол» бунёд карданд».
Аббосалӣ Ҳасанов ҳамчунин ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Озарбойҷон омодаи ҳамкорӣ барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик аст. Ӯ гуфт, талош хоҳанд кард, то дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳои миёни ду кишвар тавсеа ёбад. Дар назар аст рӯзҳои наздик як ҳайат аз Озарбойҷон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ба Тоҷикистон сафар намояд.
Алишер Зарифӣ