Тамоми кишварҳои ҷаҳон бо истеҳсоли маҳсулот рушд мекунанд, Иёлоти муттаҳидаи Амрико бошад бо чопи пул фаъолият мебарад.
Имрӯз дар Амрико тақрибан маҳсулот истеҳсол намешавад ва сарватмандҳои амрикоӣ ҳоло дар Сингапур, Малайзия ва Чин ба сармоягузорӣ шурӯъ кардаанд ва кӯчидани сармоя аз Амрико бештар ба назар мерасад.
Ҷонибдорони мактаби австриягии иқтисодӣ барҳамхурии системаи молии ИМА-ро амри ногузир медонанд. Феълан теъдоди зиёде аз иқтисодшиносони ҷаҳон сохтори молии Амрикоро нодуруст мешуморанд ва бовар доранд, ки рӯзе ИМА бо чунин шакли идораи молӣ муфлис мешавад. Қарзи давлатии ИМА соли 2008 ба 12 триллион доллар расидааст ва танҳо дар соли 2009 ба андозаи 1,5 триллион қарзи давлатӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло ИМА-ро «кишвари қарзҳо» мегӯянд. Питер Шифф, роҳбари ширкати сармоягузорӣ дар Амрико соли 2001-ум аз барҳам хурдани системаи моли Амрико ҳушдор дода буд
, вале аксарият ба сухани ӯ бо тамасхур менигаристанд. Ҳоло, пас аз бӯҳрони молӣ ӯ тамоми доллари худро фурӯхта, ба рақибоне, ки ба гапи ӯ механдиданд, бо тамасхур нигоҳ мекунад. Ба бовари ӯ Амрико барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон пул истеҳсол мекунад ва тамоми кишварҳои дунё барои Амрико молу маҳсулот истеҳсол менамоянд. Рӯзе мерасад, ки кишварҳои дунё аз харидани пули ИМА даст мекашанд, он вақт Амрико бӯҳрони воқеиро эҳсос мекунад.
Соли 1944 дар шаҳри Бреттен Вудси Амрико сарони 44 кишвари мухолифи системаи фашистӣ ҷамъ мешаванд ва долларро пули байналмиллалӣ эълом мекунанд. Муқаррар мекунанд, ки доллар бо тилло таъмин мешавад ва дигар асъорҳо бо доллар таъмин мегарданд. Дар ин сурат доллар ягона захираи асъори ҷаҳонӣ қабул мешавад ва имрӯз ҳам аксари кишварҳо нисфи пулашонро бо тилло захира кунанд, нисфи дигарашро бо доллар нигоҳ медоранд. Аммо соли 1971 президенти вақти ИМА Ричард Никсон аз таъмини қурби доллар бо тилло даст кашид ва таъмини қурби долларро боварии мардуми дунё ҳисоб кард. Винсент Рейнхарт, собиқ иқтисодшиноси системаи захираи давлатии ИМА бар ин назар аст, ки заминаи уфти долларро президент Никсон асос гузоштааст. Ин оғози даст кашидан аз стандарти тиллоии пул буд. Яъне, қурби доллар дигар на бо тилло, балки бо пули дигар кишварҳо ва боварии мардуми дунё таъмин мешуд.
Асри дастгоҳҳои пулбарории АмрикоИмрӯз Амрикоро «кишвари қарзҳо» ном мебаранд ва тамоми ҷаҳон фаъолияташро бо истеҳсоли мол пеш мебарад, вале Амрико бо истеҳсоли пул. Михаил Леонтев, таҳлилгари рус чунин мешуморад, ки даст кашидани Амрико аз стандарти тиллоӣ он замон ба манфиати ин кишвар буд. Яъне, тамоми кишварҳо доллари амрикоиро мехариданду истифода мекарданд ва барои ИМА дар чунин вазъ нашр кардани пул судовар буд. Аммо оҳиста оҳиста қурби доллар пойин меомад. Агар эътибор диҳем, ки 20 соли пеш бо 100 доллар чи чизҳоро харидан имкон дошт ва имрӯз чӣ метавон харид, пастравии қурби доллар баръало эҳсос мешавад.
Марк Фабер, сармоягузори амрикоие, ки ба Сингапур кӯчидааст, мегӯяд, проблемаи Амрико ва тамоми кишварҳои демократӣ дар он аст, ки касе дар ҷомеаи демократӣ мушкили воқеиро баён намекунад. Барои он ки воқеиятро гуфтан боис мешавад, ки мардум чашм боз карда, воқеиятро мебинанд ва вокуниш нишон медиҳанд. Мо барои 20 соли оянда қарз дорем, аммо инро касе шунидан намехоҳад. Мардум мехоҳанд, ки нафаре ба онҳо ваъда диҳад, ки фардо вазъ боз беҳтар мешавад.
Президенти ИМА Барак Обама ҳоло боз мехоҳад қарзи кишварашро 2 триллиони дигар зиёд кунад. Яъне, ба таври мисол лозим меояд, ки дар ин сурат Амрико аз ҳар як одами рӯи замин танҳо дар як сол 30 долларӣ қарз гирад.
Чаро сармоягузорон Арикоро тарк мекунанд?Ҷим Роҷерс, собиқ ҳамкори Ҷорҷ Соросе, ки дар тамоми ҷаҳон сандуқи хайрия боз кардааст, Амрикоро тарк карда, ба Сингапур омадааст. Вай мегӯяд, ки дар Амрико ҳеч умеде дар оянда барои зистан боқӣ намемонад. Ҳамаи ширкатҳои бузург дар ояндаи наздик муфлис мешаванд. Ширкатҳои ипотекӣ аз ҳоло банкрот шуда истодаанд, чун мардум тавони баргардонидани қарзҳоро надоранд. Акнун бизнеси Роҷерс дар Сингапур рушд меёбад ва на танҳо ӯ, балки садҳо сармоягузори дигаре пайдо шудаанд, ки аз сармоягузорӣ дар Амрико даст кашидаанд ва ба бозори Осиё: Чин, Малайзия ва Сингапур ворид гаштаанд. Чин бо дастгоҳу технологияи амрикоӣ пешрафтатарин иқтисоди ҷаҳониро сохт ва акнун молу маҳсулот дар Чин истеҳсол мешавад ва ба Амрико меравад. Функсияи Амрико имрӯз истеъмоли маҳсулоти чинӣ ҳисобида мешавад. Ҳатто мошинҳои амрикоӣ дар Чин истеҳсол мешаванд.
Дигаре аз сармоягузори машҳури амрикоӣ Марк Фабер низ аз Амрико ба Осиё омадааст ва чунин мешуморад, ки бохти ИМА дар баробари Чин эҳсос мешавад. Зеро Чин аз ҳисоби фурӯши маҳсулот ба Амрико на танҳо доллар ба даст меорад, балки тенологияву корхонаҳоеро мехарад, ки дар Амрико баста мешаванд ва баъди чанд муддат дар Чин боз мегарданд. ӯ мегӯяд, ки ҷопониҳо дар Амрико корхонаҳои замонавӣ сохта буданд ва имрӯз онҳо дар Чин ин корро анҷом медиҳанд ва имрӯз дар Чин технология ниҳоят зиёд аст. Агар Амрико рӯзе эълом кунад, ки ба мо дигар маҳсулоти чинӣ даркор нест, ин пеш аз ҳама ба пояи иқтисоди худи ИМА зарба мезанад. Баои он ки ҳоло амрикоиҳо ба ҷуз аз нашри доллар дигар на телевизор, на транзистор ва на дигар технологияи навро истеҳсол намекунанд.
Дар бонкҳои Тоҷикистон 70%-и амонатҳо бо доллар астБаъзе коршиносон бар ин боваранд, ки қарзҳои Амрико он қадар афзудааст, ки баргардонидани он ғайримумкин ба назар мерасад. Аммо ин кишвар рӯз аз рӯз боз қарздор мешавад ва хостори аз қарз даст кашидан ҳам нест. Зеро аз пушти ин нафарони алоҳида пул кор мекунанд ва намехоҳанд, ки ба қафо баргарданд ва аз даромад маҳрум шаванд. Барои мушкили қарздориро ҳал кардан ИМА кӯшиш карда истодааст, ки бо роҳи паст кардани қурби доллар ба ин ҳадаф ноил гардад. Аммо дар баробари доллар қурби дигар асъор низ пойин меравад. Агар вазъ ба ин тарз идома пайдо кунад, ба деволвация ё худ ба беқурбшавии пули коғазӣ дар ҷаҳон оварда мерасонад. Зеро дигар асъор ба доллар сахт алоқамандӣ доранд. Ҳатто давлатҳои дунё захираи худро бо доллар нигоҳ медоранд. Баъзе кӯшишҳо аз ҷониби давлатҳо шуда истодааст, ки аз доллар даст кашанд, аммо ин ба зудӣ амалӣ намешавад. Зеро аз бонкҳои хурд то бузург дар ҳар як давлати дунё аз нисф зиёди амонату дороиҳояшонро бо доллар нигоҳ медоранд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон тақрибан 70 дар сади амонати аҳолӣ бо доллар нигоҳ дошта мешавад. Марк Фебер чунин мешуморад, ки пастравии доллар дар ҳаҷми 20-30 фоиз мерасад ва баъд «коллапс» (барҳамхурӣ)-и системаи молӣ ба вуҷуд меояд. Ин ба таҷрибаи барҳамхурии системаи сотсиалистии Иттиҳоди шӯравӣ монанд мешавад, ки охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта пул қурб надошт ва ҳар касе зудтар молу маҳсулот ва таҷҳизот харид фоида кард ва касе пулро ба бонк гузошт сӯхт. То имрӯз давлат пули мардумро баргардонида наметавонад.
Коршиносон мегӯянд, ки давлати Амрико бояд ба мардум воқеияти имрӯзу фардоро фаҳмонад ва набояд мардумро барои харҷи зиёд кардан ташвиқ кунанд, балки ба истеҳсолот рӯ оранд, на ба истеъмоли барзиёд. Роҳи дигаре ҳам ҳаст, ки пулро беқурб кардан ном дорад ва дар ин сурат гипперинфилятсия ба вуқӯъ мепайвандад. Чин ва Ҳиндустон оҳиста-оҳиста аз захираи доллар даст кашида, захираи тиллоро зиёд карда истодаанд, аммо Русия ҳамоно бартариро ба нигоҳ доштани доллар медиҳад. Лекин таҳлилгари иқтисодии БиБиСи Макс Кейзер чунин меҳисобад, ки агар Русия ё ҳар давлати дигар хостори ҳифз кардани пули миллӣ бошад, бояд аз доллар даст кашад.
Бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки даст кашидан аз доллар ба осонӣ даст намедиҳад. Шояд ягон ҷанг ё инқирози давлатҳо сабаб мешавад то доллар дигар аҳамияташро аз даст диҳад ва мардум долларро бо қурби ҳавоӣ истифода накунанд. Гуфта мешавад, ки Муҳаммад Қаззофӣ яке аз ҷонибдорони асосии даст кашидан аз доллар будааст ва бо кишварҳои арабӣ дар бораи истифодаи динори тиллоӣ, ки бояд пули умумии арабӣ эътироф мегашт, гуфтушунид доштааст.
Иқтисодшинос Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки кишварҳои кӯчак дар алоҳидагӣ наметавонанд ба стандарти тиллоӣ гузаранд. Зеро тамоми иқтисод аз доллар вобаста аст. Аммо барҳамхурии ин система: доллари ҳавоӣ ногузир аст. Инро аксарият эътироф мекунанд, интизоранд, лекин намедонанд, ки кай ва бар асари кадом рӯйдод рух медиҳад.
Вале иддаи дигаре аз коршиносон чунин мешуморанд, ки «гени»-ҳои амрикоӣ чӣ тавре дар гузашта вазъро ба манфиати худ истифода бурданд, оянда низ ором нахоҳанд нишаст ва роҳи баромаде ё усули дигари фоидагириро низ меёбанд.
Иқтисоди бидуни стандарти тиллоӣ ҳанӯз 40 сола аст ва касе намедонад, ки чӣ қадар давом мекунад. Зеро дар ҳолати стандарти тиллоӣ инфилятсия ва беқурбшавӣ камтар рух медиҳад, аммо дар шароити имрӯза тақрибан ҳар рӯз таваррум ба назар мерасад. Мардуми Амрико қарз мегиранду кор намекунанд ва бепавоёна мегарданд ё боҳузур хоб мераванд ва фикр намекунанд, ки субҳе аз хоб мехезанд, ки система барҳам хурдааст. Ин монанд ба барҳамхурии Иттиҳоди шӯравӣ аст, ки шаб дар хоб иқтисоди планиро медиданд, саҳар чашм боз карданд, ки ба иқтисоди бозорӣ гузаштаанд.
Исфандиёр Халилӣ