Рустоҳои Файзобод, Боғи Мир, Сурхдара, Кенҷаобод, Қанғелӣ, Чуқурак ва Сайидонии ноҳияи Файзобод аз роҳ маҳрум шуданд…
Субҳи 8-уми июни соли равон Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода буд, ки соати 05:30-и саҳарӣ, дар натиҷаи боришоти пуршиддат ва омадани сел сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, пули деҳаи Сари Сафедхоки ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзободро ба пуррагӣ хароб кардааст. Ҳамчунин, як пули дигар дар деҳаи Ҷоварсӯзи ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия қисман вайрон шудааст. Сокинони ҳафт рустои ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия, ки аз пули корношоям гаштаи маъруф ба номи «кӯпруки Ҷонварсӯз» истифода мекарданд, тайи 5 рӯзи охир бе роҳ мондаанд. Дар ин муддат, эшон ба воситаи пули деҳаи Кабкрез ба маркази ноҳия равуо доранд, ки ин роҳ аз роҳи маъмулӣ 3-4 маротиба тӯлонитар буда, машаққати зиёдро тақозо мекунад.
Сокинони ин маҳаллаҳо мегӯянд, аз сабаби бероҳӣ маҷбуранд, ки аз роҳи дур ва ноҳамвор истифода мекунанд. «Бо иллати корношоям гаштани кӯпрук, мо маҷбурем, ки бо дигар роҳ ба маркази ноҳия пайваст шавем, гарчанде ки роҳкиро як баробар гарон аст. Ҳукумати ноҳия бошад, чорае намебинад».
Хоби масъулин. «Дар гӯши фил»
Дар ҳамин ҳол, як нафар аз бошандагони деҳаи Боғи Мирӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, ман як коргари оддиям, ҳар субҳ аз он тарафи дарё ба воситаи ҳамин пул гузашта ба ҷои корам, ки дар маркази ноҳия аст, меомадам. Аз деҳаи мо то маркази ноҳия тақрибан 3 километр роҳ аст. Барои рафту омад, ки танҳо таксиҳо ҳаракат мекунад, 4 сомонӣ харҷ мекардам. Аз рӯзи 8-уми июн сар карда то имрӯз 48 сомонӣ танҳо барои роҳкиро сарф кардам, дар як рӯз 8 сомонӣ лозим аст. Ман хамагӣ 300 сомони маош мегирам. Тасаввур кунед, ки дар як моҳ ин маблағ ба зиёда аз 200 сомонӣ мерасад, боқимондаи ин пул сарфи хӯрок мешавад. Кадом пулро дигар пасандоз карда метавонем?.
Номбурда мегӯяд, ба мисли ман садҳо нафари дигар ҳаст, ки ҳамарӯза бо харҷи ҳамин қадар маблағ ба ҷои кор меоянд. Аз тахриби пул алакай 5 рӯз сипарӣ шуд, аммо масъулини ноҳия «дар гӯши фил хобанд». Сокинони ин деҳот аз ҳукумати ноҳия изҳори норозигӣ намуда, илова карданд, ки ин ҳолат қариб ҳар баҳор такрор мешавад. Дар фасли зимистон ҳамин роҳ аз барфу тармаи зиёд ҳафтаҳо маҳкам мешавад, вале масъулини маҳаллӣ бо вуҷуди супориши қатъии президент барои бартараф кардани ин мушкилоти ҷойдошта фавран амал намекунанд. Сокинон мегӯянд, ки агар эшон ин гуна бепарво бошанд, боз чанд ҳафтаи дигар мардуми ин деҳот барои пайваст шудан ба маркази ноҳия, аз гаронии роҳкиро танқисӣ мекашанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи маскунии ин минтақа президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Файзобод, масъулини ноҳияро вазифадор карда буд, ки барои тоза намудани роҳҳо аз барфу тармаи зиёд ва рафъи офатҳои табии техника ҷудо намуда, дар сурати маҳкам шудани роҳ ё сар задани офатҳои табиӣ фавран амал кунанд. Аммо аз масъулини маҳаллӣ ва техникаи фавран амалкунандаи хукумати ноҳия ҳанӯз дараке нест.