Чун кишвари мо аз нигоҳи иқтисодӣ рушд накардааст ва барои пиёдасозии чунин барномаҳои фарҳангӣ, мисли пахши зиндаи мусобиқоти ҷаҳонӣ ба забони хеш, бозаргонҳои пулдор ва аз ҳама муҳимаш ҳимматдор ҳам надорем, чӣ бояд кард?
Садҳо миллион мардуми сайёра аз тамошои бозии имсолаи футболи қаҳрамонии Аврупо- 2012 лаззат бурданд. Мо ҳам ҳар шомгоҳ, ба истилоҳ, канори симоро “ иҷора” мегирифтем ва аз шабакаи 1 ва 5-и Телевизиони Қазоқистон ин бозиҳои аҷоибро тамошо мекардем. Ин бозиҳо дар Қазоқистон шомгоҳ ба ду забон: забони давлатӣ--қазоқӣ ва забони муоширати байни миллатҳо -- забони русӣ ба гунаи зинда пахш мегарданд. Барои онҳое, ки нимашаб бозиҳоро тамошо карда натавонистанд, он бозиҳо рӯзи дигар такроран намоиш дода мешаванд. Дар муддати қариб ду ҳафтаи мусобиқаи қаҳрамонии дастаҳои мунтахаби Аврупо, бешак, захираи луғавии мо ҳам бо вожаҳои қазоқиву ҳам ба русӣ , ба истилоҳ , ғанӣ гардид. Ман ҳарчанд забони қазоқиро хуб балад нестам, вале бо душворӣ ҳам бошад, баъзе ҳарфҳои шореҳонро мефаҳмидам ва вожаҳои наверо ҳам дар ин муддат азхуд кардам. Аз сӯи дигар, ман бисёр афсӯс мехӯрдам, ки агар каме ҳавсала карда моҳвора мехаридам, ин бозиҳоро ба забони модариам тамошо карда, лаззати бештар мегирифтам ва ҳама гуфтаҳои шореҳонро мефаҳмидам. Аммо дере нагузашта дарёфтам, ки ин хостаи ман хобеву хаёле будаасту вазъи тамошобини тоҷик дар кишвармон ҳам аз вазъи мо, дар ғурбатбудагон, кам тафовут доштааст.
Яке аз дӯстонам, ки моҳвора дошт, моро ба меҳмонӣ даъват кард ва он ҷо ҳамроҳ аз шабакаи Тоҷикистон бозиро тамошо карданӣ шудем. Вале ғайричашмдошт бозӣ пас аз 10 дақиқаи оғози он пахш гардид ва шореҳ ҳам бозиро танҳо ба забони русӣ шарҳ медод... Чун аз ин тарзи оғози бозӣ ман изҳори норизоӣ кардам, дӯстам маро дилдорӣ дода гуфт, ки ин гузориш аз симои Русия гирифта шудааст ва ҳама бозиҳоро Тоҷикистон ҳамин гуна аз Русия харида, ё талбида намоиш медиҳад ва ин таҷрибаи нахустин ҳам набудааст. Ба гуфтаи дӯстам, пештар ҳам Симои Тоҷикистон ба гунаи заруру нозарур ҳам бозиҳои Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо ва ҳатто бозиҳои тақвимии дастаҳои Англияву Испания, Италияву Олмонро шабу рӯз намоиш медодааст ва ҳамаи онҳо баргирифта аз Симои Русия ва , албатта, ба забони русӣ...
Рекламаи бепули забони русӣ дар ТВ-ҳои Тоҷикистон
Ин барномаҳои футбол ҳам забони русӣ ва ҳам фарҳангу варзиши Русияро дар Тоҷикистон таблиғ мекарданд. Зеро дар ҷараёни бозӣ гузоришгар аз бозигарон ва дастаҳои хориҷӣ ҳарф зада, онҳоро бо футбол ва футболбозони рус муқоиса мекард, бурду бохти футболи Русияро арзёбӣ ва аз онҳо ситоиш менамуд...
Ман бозӣ ва шарҳи онро аз забони гузоришгарони русиягӣ медидаму мешунидам ва ангушти надомат мегазидам, ки чаро мо то ҳол тавони намоиши мустақими чунин мусобиқоти бузургро ба забони хеш надорем?! Нодору бечораем, ё ҳавсала намекунем? Охир, агар чунин барномаҳо, ки миллионҳо нафарро ба гирди симо ҷамъ меоваранд, агар ба забони худамон пахш шаванд, дарси бебаҳои таблиғ ва омӯзиши забони давлатианд ва онҳо ҷойи ҳазорон омӯзгори забони модариамонро мегиранд! Аз сӯи дигар, корбурди ҳамешагии гузоришҳои симои Русия дар шабакаҳои симои Тоҷикистон ба гунае беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ ва пойбанд будани мо ба ин кишварро низ баёнгар мешавад.
Ин бозиҳоро дар шабакаи Симои Тоҷикистон медидаму ёде аз даврони кӯдакӣ мекардам.Он замон дар деҳоти Тоҷикистон , аз ҷумла, дар деҳаи мо ҳам ҳамагӣ як ё ду ҷаҳоннамо буду бас ва мо хурду калон, чун анбӯҳи бузург дар варзишгоҳ, гирди он ҷамъ меомадем ва ба дастаи Ватанамон, ки он гоҳ СССР ном дошт, мухлисӣ мекардем. Холисона бояд бигӯям, ки он барномаҳои футбол ба омӯзиши забони русӣ ва ҷаҳонбинии мо, деҳотиён, таъсири бузурге дошт... Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки ҳоло ҳам чунин барномаҳо он нақшеро мебозанд, ки 40 сол пеш доштанд, яъне ба русидонӣ ва фарҳанги мо таъсиргузоранд. Бале, бешак чунин аст. Вале ҳоло замона дигар шудааст ва шукри Худованд, ки мо 20 сол аст соҳиби давлати мустақилем ва забонамон ҳам мақоми давлатӣ дорад. Аз ин хотир, яке аз барномаҳои раҳбурдии( стратегӣ) кишварамон рушди забон ва фарҳанги миллиамон бояд бошад ва омӯзиши забони давлатӣ ва ҳамаҷониба фарогирии он пойдеворе мегардад барои омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла, забонҳои англисиву русӣ. Зеро бузургонамон барҳақ таъкид кардаанд:
Ҳар кас, ки ба забони худ забондон гардад,
Донистани сад забон ба ӯ осон гардад.
Вале агар мо ба гунаи огоҳу ноогоҳ ба рушди забонҳои бегона таваҷҷӯҳ кунему сарнавишти забони давлатии худро ба ҳоли худ гузорем ва сиёсати миллиро қурбони сиёсатҳои дигарон созем, вой бар ҳоли мо! Дар ин маврид забони мо ҳамоно дар сатҳи забони хонаву кӯчаву бозор боқӣ мемонад ва ҳама мардум, ба гунае, ки имрӯз чунин аст, на бо забони ноби адабӣ, ки он ҳам зебосту ҳам фаҳмо ба мо ва ҳама бародарони форсизабонамон ҳам ҳаст, балки бо шеваҳои гуногуни пур аз вожаҳои туркиву русӣ гуфтугӯ мекунем ва чунин раванди нохубро ҳар рӯз дар шаҳру остонҳои хеш ва ба вижа дар дили кишварамон эҳсос мекунем. Вале чора чисту илоҷи кор барои аз ин бунбасти забонӣ раҳо шудан кадом аст?
Тафовути ду кишвари ҳамзабон...Аз замин то осмон!
Чун кишвари мо аз нигоҳи иқтисодӣ қафомонда асту барои пиёдасозии чунин барномаҳои фарҳангӣ, мисли пахши зиндаи мусобиқоти ҷаҳонӣ ба забони хеш, бозаргонҳои пулдор ва аз ҳама муҳимаш ҳимматдор ҳам надорем, чӣ бояд кард? Дар ин маврид низ, ба биниши мо, чун ағлаби мавориди дигар, бояд ягона такягоҳи мо кишвари ҳамзабону ҳамтаърих ва ҳамфарҳанги мо Ҷумҳурии Исломии Эрон асту бас. Борҳо иттифоқ афтодааст, ки ин кишвари ба гуфтаи оқои Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, ба мо дӯсту такягоҳ, дар лаҳзаҳои душвор моро дастгирӣ кардааст. Дар ин лаҳзаҳо, яъне баргузории мусобиқаи гуногуни варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ низ мо метавонем аз тариқи симои ин кишвар онҳоро тамошо кунем ва ин дафъа бо забони ширини форсии худ. Зеро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳама гуна мусобиқоти байналмилалии варзишӣ аз тариқи Симои 3−юми Эрон намоиш ва дар сатҳи баланди ҳирфавӣ шарҳ дода мешавад. Ёдам меояд, се сол пеш чун ман беш аз ҳафтае дар Эрон будам, Симои 3 аз ҳама мусобиқоти варзишӣ, чӣ футболу тенниси майдонӣ ва баскетболу волейбол барномаҳо пахш мекард ва онҳоро беҳтарин гӯяндагон ва варзишгарони номвар бо забони ширини форсиамон шарҳ медоданд.
Ба гунае, ки дӯстони эронии мо дар сӯҳбатҳои интернетӣ ба мо гуфтанд, мусобиқаи футболи Аврупо–2012 ҳам бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш аз Симои 3−юми ҶИЭ ба тамошогарони эронӣ ва ҳама форсизабонҳо расонида мешавад. Аз ин хотир, мо бояд аз чунин имкони хуб, ки дар масъалаи рушди забон ва фарҳанг дорем, яъне бозпахши барномаҳои варзишии Эрон ба воситаи шабакаҳои Симои Тоҷикистон, ҳамаҷониба истифода намоем. Барои ҳамин ҳукумати Тоҷикистонро мебояд бо ҷониби ҶИЭ ин масъала, яъне бозпахши ройгон ва ё бо сарфи маблағи нисбатан камро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд. Чунин ҳамкорӣ ба ҳар ду кишвар ҳам судманд хоҳад буд: нахуст барои Тоҷикистон, ки ба таври ройгон ё бо масрафи маблағи ночиз имкони пахши барномаҳи варзишии Эронро ба забони модариамон пайдо мекунад.Бар илова, бозпахши чунин барномаҳои варзишии байнамиллалӣ барои тоҷикони минтақа, ки ба барномаҳои Симои Тоҷикистон дастрасӣ доранд, низ басо ҷолиб хоҳад буд. Сониян , барои худи ҶИЭ, ки яке аз ҳадафҳои умдаи стратегиаш рушд ва густариши забони форсӣ дар ҷаҳон аст, ин амал аҳамияти вижаеро дорост. Бадеҳист, ки неруманд кардани забони форсӣ дар ҳавзаи фарҳангии Эрони бузург ё Хуросони бузург, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва ағлаби манотиқи Осиёи Марказӣ низ бахши асосии он аст, аз вазоифи авалиндараҷаи ҶИЭ аст. Ин нукта чанде пеш дар конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато, ки ба густариши забони форсӣ ихтисос дода шуда буд,низ таъкид гардид. Аз ин нигоҳ, агар дар мавриди бозпахши барномаҳи муҳими варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардад ва аз баракати забони умумиамон-форсӣ мардуми Тоҷикистон ва минтақа ҳам ба ҷои барномаҳои русии Симои Русия барномаҳои варзишии ҶИЭ -ро тамошо мекарданд, ин худ гоми нав ва басо судманде мегардид барои рушд ва неруманд шудани забони форсӣ ва ҳамзамон тавсиаи ҳамкориҳои бародаронаи ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамтаърихи Эрон ва Тоҷикистон.
Насибҷон Амонӣ, шаҳри Алмаато.