Тибқи хабарҳои тасдиқнашуда райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар маросими 80 солагии шаҳри Хоруғ вориди Бадахшони Кӯҳӣ мешавад. Ҳоло дақиқ нест, ки ин сафар кай анҷом мешавад ва оё анҷом мешавад? Зеро тибқи баъзе маълумотҳои ба овоза монанд, дидори президент соли оянда дар нақша аст.
Дар мавриди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ вазири мудофиаи Тоҷикистон мужда дода буд. 31-уми июл, баъди 7 рӯзи амалиёт дар маркази вилояти мухтор Шералӣ Хайруллоев зимни мулоқот бо мақомот ва фаъолони шаҳр эълон кард, ки райисҷумҳур дар ҷашни ҳаштодсолагии маркази вилоят иштирок мекунад. Он вақт тахмин зада мешуд, ки ин дидор охири моҳи август иттифоқ меафтад.
Юбилейи Хоруғ бидуни сюрприз наомад. Тибқи анъана дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашну санаҳои зиёдеро таҷлил мекунанд. Шурӯъ аз Иди кадуву харбузаву асал то ҷашни ин ё он шаҳру ноҳия ё вилоят. Имсол қуръа ба номи Хоруғ афтид. Ин шаҳр мебоист 80 солагияшро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо ширкати чеҳраҳои аввали кишвар таҷлил мекард. То ҷашн чандон фосилаи тӯлонӣ намонда буд, ки дар вилоят генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (21-уми июл) кушта шуд. Ба дунболи ин дар шаҳри Хоруғ амалиёти вижаи низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар куштори генерал гумонбар мешуданд, роҳандозӣ гардид.
Амалиёти мазкур он чунон сару садои зиёде дар пай дошт, ки ҳатто дар Амрикову Бритониё дар борааш гуфтанд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз ҳалокати афроди осоишта дар Хоруғ изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Русия бошад, дар як изҳорот гуфт, ки аз вазъи Бадахшон ба ташвиш омадааст.
Сархати хабаргузорӣ ва расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳам бо хабарҳо аз амалиёти мазкур комил мегардид.
Амалиёт ҷони даҳҳо сокини осоиштаи Хоруғро гирифт. Аз ҳалокати нерӯҳои давлатӣ низ гузоришҳо мерасид. Дар маҷмӯъ теъдоди афроди кушташудаи амалиёт наздики 70 нафар гуфта мешавад. Тибқи иттилои расмӣ дар пайи ин амалиёт зиёда аз 500 манзили истиқоматӣ ва идораву муассисаҳо осеб бардоштаанд. Бино ба маълумотҳо танҳо барои барқарор кардани биноҳои осебдида беш аз миллион сомонӣ зарур аст. Ин дар ҳолест, ки ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Хоруғ гуфтааст, ҳоло маблағи молу ҷиҳози талафёфтаи сокинонро барнашумурдаанд. Ба иттилои мақомот дар навбати аввал танҳо бинову идораҳои зарардидаро барқарор хоҳанд кард. Дар марҳилаи дуюм молу ҷиҳози талафёфтаи сокинон "ҳисобу китоб" мешавад.
Феълан, Хоруғ дар як вазъияти амн қарор дорад. Бо амри президент оташбас эълон гардид. Бо миёнҷигарии намояндаҳои Оғохони чорум дар Бадахшон силоҳбадастон аслиҳаи худро ба давлат таслим карданд. Посгоҳҳои низомӣ аз ҳудуди шаҳр барчида ва нерӯҳои давлатӣ аз қаламрави он хориҷ шуданд. Мардум ҳам аз пайи ризқу рӯзии худ мегардад. Телефонҳои мобилӣ фаъоланд, дарҳои бозору фурӯшгоҳҳо боз аст. Ҳукумати шаҳр мардумро ба "шанбегиҳо" даъват карда, хостори саҳми эшон дар ободонии шаҳр шудааст. Дар нигоҳи аввал зиндагӣ ба маҷрои хеш баргаштааст. Аммо оё воқеан амалиёт ва ҳодисаҳои ахир аз ёди мардуми Хоруғ фаромӯш шудааст? Бо эҳтимоли зиёд на. Зеро захми табар ҳеч гоҳ фаромӯш намешавад, ҳарчанд бо гузашти вақте дард камтар мешавад, аммо изи он боқӣ хоҳад монд ва ҳар бори ба он назар кардан, ёди он рӯ хоҳад зад. Амалиёти бидуни огоҳии мақомот ба маҳали аҳолинишини маркази вилоят ҳам ба табари тезе монанд буд, ки захмҳои чуқуре дар хотираи мардум боқӣ гузошт.
Имрӯзҳо дар доираҳои алоҳида мавзӯи сафари президент ба Хоруғ доғ шудааст. Аз хадамоти матбуотии президент ба Озодагон гуфтанд, ки ҳоло дар ин маврид ҳеч иттилое рӯи дасташон нест. Аммо коршиносон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ба Хоруғ меравад. Ба қавли онҳо шояд ин дидор на то охири моҳи ҷорӣ, балки каме дертар анҷом шавад. Новобаста аз он ки ин боздид кай ба амал меояд, райисҷумҳури кишвар нахуст ба мардуми Бадахшон ваъдаи амну суботро хоҳад дод. Ҳамчунин масъулинро муваззаф мекунад, ки дар зудтарин фурсат хисороти расидаро барқарор намоянд. Ба ҷуз ин ба мардуми вилоят кӯмакҳои зиёде аз номи президент ироа мегардад.
Воқеан, аллакай ба Бадахшон чанд корвони кӯмакҳо мунтақил шуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аллакай беш аз 40 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои башардӯстонаи худро ба осебдидагони ҳаводиси ахири вилоят тақсим кард.
Аммо оё бо кӯмаку тӯҳфаву ваъдаҳо мешавад, ки ёди он рӯзҳоро аз хотири мардум зудуд? Оё сокинони шаҳри Хоруғ ба ин зудӣ садои тиру тупро фаромӯш мекунанд? Оё бо дидани биноҳои аз зарби тир "гулкоришуда" амалиёт ба ёд намеояд? Оё бо гузар кардан аз назди оромгоҳ ва дидани қабрҳои тоза, ки баъди амалиёт пайдо шуданд, хотираҳо тоза намешавад? Оё мешавад, баъди ҳалокати даҳҳо нафар, ки дар сини ҷавонӣ тири силоҳ риштаи умрашонро бурид, барои 80 солагии шаҳр мастона рақсид?
Воқеан ин қабил суолҳо ангуштшумор нестанд ва шояд ҳар кадоме аз хонандаҳо ба онҳо ҷавобҳои худро дошта бошанд. Шояд қисме ҳам мисли ман посухе натавонанд пайдо кунанд.
Абдулазизи ВОСЕЪ