Садҳо нафар тоҷирони бозори «Корвон» назди даромадгоҳи сардори бозор бо нишони эътироз ҷамъ омада талаби онро доранд, ки раиси бозор баромада дар бораи сар задани сӯхтор маълумот диҳад ва масъалаи дубора барқарор кардани ҷойҳои онҳоро баррасӣ намояд.
Тоҷирон
на танҳо барқарор қардани ҷойҳояшонро талаб доранд, балки онҳо иддао доранд моле, ки ба коми оташ рафтааст аз ҷониби масъулин ҷуброн карда шавад. Чанд тан аз тоҷирони бозори мазкур дар суҳбат бо хабарнигори Озодагон гуфтааст: «Ин оташсӯзӣ кори махсусе аз ҷониби як гурӯҳ аст, зеро ин бори аввал нест, ки ин гуна сӯхтор ба амал меояд».
Дар миёни тоҷироне, ки даст ба тазоҳурот задаанд, каме бетартибиҳо ба амал омад ва баъзеҳо талош мекарданд, ки аз болои дарвоза гузашта ба назди раиси бозор дароянд, вале кормандони полис нагузоштанд, ки онҳо ин корро анҷом бидиҳанд. Тоҷирон мегӯянд, масъулини бозор аз эшон пул ҷамъ кардааст, ки дар назди бозор ҳавз месозанд, то ҳангоми сарзадани сӯхтор аз он истифода кунанд. Аммо онҳо мегӯянд ҳеч кореро анҷом надоданд.
Ҳамин тариқ тоҷирон ба хулосае омада аз инҷо истодан ҳеч фоидае нест ва гуфтанд, ки бо нишони эътироз ба назди ҳукумати шаҳр мераванд.
Шаҳло ном як тоҷир аз он нигаронӣ кард, ки ҳангоми сарзадани сӯхтор аксарияти молашро, ки аз коми оташ роҳо карда буд, дуздидаанд.
Ҳамакнун тоҷикрони бозори «Корвон» ба самти маркази шаҳр роҳпаймоии эътирозӣ доранд. Хабарнигори Озодагон ин роҳпаймоиро аз наздик мушоҳида мекунад ва тибқи гуфтаи ӯ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи эътирозгарон ба сӯи маркази шаҳр мераванд. Бархе кормандони интизомӣ аз гирифтани акс аз ин роҳпаймоӣ ва сӯҳбат бо тоҷирони эътирозгар монеъа эҷод карда, дастгоҳи аккосӣ ва сабти овози рӯзноманигоронро гирифтаанд. Аз боздошт шудани рӯзноманигорон низ хабарҳои тасдиқнашуда вуҷуд дорад.
Тафсилоти бештар баъди чанд лаҳза нашр хоҳад шуд