Тибқи эълони манобеъи расмӣ рӯзи панҷуми моҳи равон раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе сафар хоҳад кард. Ин дақиқан ба санаи зодрӯзи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рост меояд. Аз ин назар "Озодагон" аз чанд тан пурсид, ки агар имкони иштирок дар ҷашн мебуд, шумо дар 60 солагии зодрӯзи Раҳмон ва Путин чӣ мегуфтед?
Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси ҲУСДТ
Мегуфтам, ки оё онҳо ба таври ҷиддӣ фикр мекунанд, ки сатҳи ҳамкории ду кишвар ба моҳияти стратегӣ доштани шарикии давлатҳо мувофиқат менамояд ва бо истифода аз фурсати муносиб таваҷҷӯҳи онҳоро ба таҷрибаи дигар мамлакатҳо ҷалб менамудам. Тавре, ки таҷрибаи ҳамкории давлатҳои муосири пешрафта нишон медиҳад, вақте, ки Олмон, ИМА, Фаронса, Ҷопон ё дигар мамлакат кишвареро ҳамчун шарики стратегӣ эълон мекунад ва ҷониби дигар низ инро мепазирад, давлати нисбатан ба даствардҳои назаррас ноилгардида кӯшиш менамояд, ки на танҳо шарикии стратегии худро аз таҳдиду хатарҳои берунӣ ҳимоя намояд, балки дар рушди иқтисодиёти он низ саҳми ҷиддӣ гузорад. Дар мисоли муносибатҳои мо бошад кӯшиши сӯиистифода аз мушкилоти шарики стратегӣ ба назар мерасад ё доираи ҳамкориҳо маҳдуд мебошанд ва бар зидди манфиати милии як тараф равона шудаанд. Як нуктаи муҳимро низ мехостам зикр намоям, ки дар арафаи зодрӯз сарони давлатҳои ИДМ кӯшиш менамоянд, ки албатта ягон маҷлис доир намуда ба таърифу тавсифи ҳамдигар машғул шаванд, ки аслан асоси воқеӣ надорад. Боиси таассуф аст, ки ҳамин гуна ҷамъомадҳои бемаврид бенатиҷа ба анҷом мерасанд ва аз ҳисоби андозсупорандагон гузаронида мешаванд. Ба ҷойи ин гуна маҳфилҳои бемантиқ роҳҳои баланд бардоштани самарабахшии ИДМ- ро ҳамчун созмони минтақавӣ меёфтанд ва сифати зиндагии шаҳрвандонро беҳтар менамуданд, хуб мешуд.
Сайидумар ҲУСАЙНӢ, муовини аввали раиси ҲНИТ
Мо боваре надорем, ки ба чунин рӯзҳои ҷашн даъват шавем ва агар даъват шавему имкони суханронӣ фароҳам гардад, ҳатман соҳибҷашнро ба зодрӯзаш табрик гуфта барояш ҳама муваффақиятҳоро дар ҳаёту зиндагӣ мехоҳем ва барои раисҷумҳурҳо роҳеро мехоҳем , ки ҳам барои худаш ва ҳам барои халқаш манфиъатовар бошад. Мушкилоти Тоҷикистон ҳам ногуфта ҳувайдоаанд ва ҳамагон онро медонанд ва гуфтани онҳо дар зодрӯзи ин ду президент ягон дигаргуниро ба вуҷуд намеоварад. Дар назди як кишвари бегона аз камбудии кишвари худ ҳарф задан, одати мо нест. Мо ҳама вазифадорем, ки ҳарфи худро бизанем, ин ки мепазиранд ё на кори онҳост. Агар дар чунин ҳолате қарор гирем, ҳатман барои истиқлоли ҳар як кишвар ва хусусан барои истиқлоли комили Тоҷикистон ва худи Русия ҳарф мезадему ба роҳбарони ин ду мамлакат муроҷиъат мекардем то эҳтироми истиқлоли якдигарро ҳифз кунанд ва ба ҳарими якдигар таҷовуз накунанд.
Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ, роҳбари Анҷумани сиёсатшиносони ТоҷикистонМан баъд аз сафари Путин ба Тоҷикистон як мақолаи таҳлилӣ менависаму андешаи худамро баён мекунам. Аммо дар мавриди ин ки зодрӯзи Владимир Путин 4-уми октябр ва зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябр асту онҳо якҷоя қайд карданиянд, изҳори назар карданӣ нестам. Танҳо як чизро зикр кардан мехоҳам, ки дар замони давлатдории Ҳахоманишиҳо шоҳ ба тамоми сокинони кишвар як рӯз иҷозат медод, ки ҳар чӣ дар доираи имконияташ бошаду аз ӯ хоҳиш кунанд, иҷро менамояд. Шояд сарони ин ду кишвар ин суннатро эҳё кардан мехоҳанд.
Фирдавс НИЁЗӢ, устоди донишгоҳАввалан, ин ки зодрӯз ин ҷашни хонаводагӣ аст ва баъдан ин аз рӯйи мантиқ нест, ки ман ҳамчун шаҳрванди оддӣ ба зодрӯзи шахсияти рақами як дар Тоҷикистон даъват шавам. Азбаски саволро чунин гузоштед, ман ба Президенти Тоҷикистон як савол медодам, ки кай маоши ҳадди ақали муаллимон, ки табақаи аз ҳама "паст"-и ҷомеа ва коррупсиязада мебошад, бо маоши ҳадди ақали муаллимони ҷумҳуриҳои ҳамҷавор баробар мешавад? Ба Путин савол намедиҳам, зеро ӯ роҳбари давлати дигар аст.
Илҳом НАРЗИЕВ, таҳлилгарМегуфтам, ки мардумони ду кишвар интизори қарорҳое ҳастанд, ки сабаби ҳалли мушкилоти онҳо мешавад ва аз ин рӯз аз сиёсатбозӣ ба сиёсати ҳақиқӣ гузаред! Барои баланд бардоштани руҳияи ҷашнияшон мегуфтам, ки ҳар дуи шумо дар назди мардумонатон пеш аз ҳама бо хизмати арзандаи худ дар таърих мемонед, яке бо саҳми худ дар роҳи сулҳ, дигаре бо пешгирӣ аз пора шудани кишвари бузург. Биёед боз як кори савоб дар арафаи ҷашни худ, ки ҳарду 60 сола шадаед, анҷом бидиҳед. Ҳамчунон шартномаҳоеро ба имзо бирасонед, ки мардумони ҳарду кишвар аз шумоён то абад розӣ бошанд, мегуфтам.
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ман рушди иқтисодӣ ва вазъияти муҳоҷиронамонро дар Русия матраҳ мекардам. Зимнан роҳҳои амалигардонии ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро низ баён мекардам. Масоили ҷойгоҳи ҳуқуқ дар Русияро ҳам илова менамудам. Боз мегуфтам, ки муносибати ду кишвар набояд ҳамчун бародари хурду бузургтар бошад, балки монанди ду давлати баробарҳуқуқ бояд бошад. Ҳамчунин суол мекардам, ки оё ингуна муносибат байни ду кишвар дар шароити кунунӣ мумкин аст ё на? Албатта ин суханон характери субъективӣ дорад, вале он омилҳое, ки вуҷуд доранд, дорои характери объективӣ мебошанд. Пас ман боварӣ дорам, ки бештари масоил ҳамакнун ҳал шудаанд.
Сайфуллоҳ САФАРОВ, муовини раиси МТС
Онҳоро аз самими дил табрик мекардам, ба онҳо саломатӣ, умри дароз орзу карда мегуфтам, ки барои сулҳу суботи Осиёи Марказӣ вақт ва маблағро дареғ надоред, ба ҳамкориҳои стратегии кишварҳоямон мазмуни нав бахшед, манфиъатҳои миллии Тоҷикистонро фаромӯш накунед , чунки мавқеи Тоҷикистон барои таъмини амнияти Русия хеле муҳим ва ҳалкунанда аст. Ва барои муҳоҷирони мо ҳар сабукие, ки метавонед ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар Русия диҳед, зеро онҳо беҳтарин пули дӯстии мо ва қобилияти рушди хар ду кишвар мебошанд