Путин.Ин ном серталаффузтарин вожа дар як ҳафтаи ахири Душанбе буд. Сиёсатмадорон ва коршиносон сари масоили омадану рафтан ва ҳал кардани кадом масъалаҳое атрофи номи ӯ баҳс мекарданд.Дигарон бошанд, аз омадани деринтизори ӯ, ки ҳанӯз аз моҳи май сару садо баланд гардида буд, изҳори хушнудӣ мекарданд. Аҳмад, як ронандаи худрави "Старекс" умедворӣ аз он мекард, ки бо омадани Путин шояд қимати газу бензин поён равад: "Бубинед газ то 4 сомонӣ боло рафтааст. Ҳоло мегӯянд, ки шояд панҷ сомонӣ ҳам мешавад. Агар ҳамин Путин накунад, намедонем оқибат чӣ мешавад...Хайр мебинем- да"
Аммо Путин омаду бо таҷлили 60-сорлагии ҳамтои тоҷикаш ва ҳам дар арафаи мавлуди худ чанд созишномаро имзо кард. Аз ҷумла, барои то 30 соли дигар боқӣ мондани бе қайду шарти неруҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва бозпас рафт. Бо сари баланду бо ғурури русиаш ва ҳам бо қаноатмандӣ.Душанбе дар навбати худ аз Русия иҷозаи то 15 рӯз тамдид кардани будубоши бе қайди муҳоҷиронро дарёфт кард. Чӣ таззоде!
Аммо аз ҳама ғарибу аҷибаш тармиму таҷдиди роҳҳое буд, ки Путин бо он ҷодаҳо бояд ба пойгоҳи 201-уми ФР мерафту бо артишаш дидор мекард.Ба қавле аз омадани Путин ҳамон гуфтаи мардумӣ ба ёдам омад: "Омад-омади шаҳи Дарвоз…"
Ростӣ, ки ташрифи Путин на танҳо дар масоили сиёсиву иҷтимоии кишвар асаргузор буд. Аз толибилмон то мӯсафедони маҳаллаи "Гипрозем"-у "Военгородок"-и Душанбе мегӯянд, хуб шуд, ки Путин омаду роҳамон обод шуд. Воқеъан, кӯчаи Борбад, ки солҳо боз хати сафедро надида буд, ба таври ҳайратовар дар як шаб "соҳиби хат" шудаву тамоми чароғҳои ин ҷода рӯшан шуданд. Тармимгарони хиёбон иброз доштанд, ки Путин ба ҳамин роҳ то 201-ум дивизия мервад, барои ҳамин.
Боз як корнамоии "роҳсозон", ки ба назари сокинони ин минтақа хандаовар ва бемасъулиятии онҳоро ҷилва медиҳад ин аст, ки дар гардиши аввали он ки бинои марказии пойгоҳ қарор дорад, роҳро мумфарш кардаанд, аммо 20 метр дуртар роҳро ба ҳоли худ партофтаанд, зеро Путин аз он ҷо убур намекунад. Савол ин аст, ки магар шаҳрвандони одии Душанбе, соҳибони аслии ин марзу бум ҳаққи дар роҳи ҳамвору бечанг гаштанро надоранд? Чаро пештар касе фикри онро намекард? Ё таваҷҷӯҳ танҳо бо роҳе, ки Путин меояд ва президенти Тоҷикистон мегузарад, равона мегардаду бас? Масъулини ҳукумати мо ҳамеша аз мушкилии молӣ ҳарф мезананд, аммо мо дидем, ки мешудааст!
Иловатан бояд бигӯям, ки дӯконҳои рӯзномафурӯшии сари роҳ низ бардошта шуда буданд, нӯқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ низ аз назди бозори "Сомон" ғайб заданд. Аз ҳар нафаре, ки дар ин маврид суол кардем, ҷавоб якто буд: Путин меояд!
Хулоса, ҳама ҷо тозаву озода ва ҳама ҷоро шиорҳои дӯстии мардуми русу тоҷик фаро гирифтааст. Бале, Русия шарики стратегии мост, аммо то кадом ҳад ва ба кадом шарту шароит инаш паҳлӯи дигари масъала.
Дустӣ ва равобити хубу ҳасана барои ҳар ду кишвар зарур аст, аммо ба назари ман, ҳамкории баробар.
Аммо бо ҳама ину он ва бурду бохт, ин ки бо омадани Путин роҳҳо каме тозаву обод шуданд, шояд сокинони Гипрозему Военгородок зери лаб бигӯянд: "Путин биё, тез-тез биё…"
Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ