Бегоҳии рӯзи якшанбе замоне мехостам дар фазои маҷозӣ каме "сайру гашт" намоям, сомонаи шабакаи иҷтимойи Фейсбукро хостам боз кунам. Аммо чун суроғаи ин шабакаро дар компутар навиштам, дар экран "ошибка 324" падид омад. Гумонам ин шуд, ки шояд компутари ман нуқсе дорад. Ба суроғи "ошибка 324" ба сомонаи google.com рафтам, ки мегуфт: "Она выползает совсем не часто, и свойственна для постовых серверов и социальных сетей". Баъди ин "тавзеҳ"-и Гугл мутмаин шудам, ки дастрасӣ ба Фейсбук масдуд шудааст. Ман ки аз хадамоти ширкати "Вавилон-мобайл" истифода мекардам, фикр кардам, шояд танҳо ин ширкат ба кадом мушкиле рӯ ба рӯст ва шояд ширкатҳои дигар ин корро накарда бошанд. Аз дӯстонам, ки аз тариқи шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар бархат (онлайн) қарор доштанд, пурсон шудам, ки оё Шумо дар боз кардани Фейсбук кадом мушкиле доред, қисме гуфтанд, не. Ман ҳам ба думболи сомонаҳои деворшикан рафтам ва билохира онро боз кардам. Аммо рӯзи душанбе чун ба кор мерафтам, дидам, ки бештарини мардум аз масдуд шудани Фейсбук ҳарф мезаданд.
Баъдтар сомонаи "Озодӣ" ин овозаро бо нақли қавл аз Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи кишвар машруъият бахшид. Зуҳуров гуфтаанд: "Профилактика мегзаронем, Фейсбук соҳиб надора, кияй соҳибш? Ина оли шмо газетаи Озоди, ма соҳиби шмора мешнощму порядчный газетора уважать мекнму ҳамавақт ҳрмату эҳтиром мекнему дастгирӣ мекнем, ҳами Фейсбук надора соҳиб, мара БиБиСи занг мезана, мара ай Америка ай Германия занг мезанан. Соҳибш бия, бга ки ака ина амин хел, нами хел, нами хел...Оё ино налог меспоран давлат-да ё не… Миллиарди зарабатывает...".
Пас аз ин изҳори назари ҷаноби Зуҳуров, ки боиси сару садоҳои зиёде дар фазои маҷозӣ шуд, дигар комилан рӯшан гардид, ки Фейсбук баста шудааст. Ширкатҳои фароҳамоварандаи интернет дар кишвар гуфтаанд, ки ба онҳо дастури Хадамоти алоқа расидааст, ҳарчанд баъдтар сомонаи "СА-News.org" аз забони ҷаноби Зуҳуров иттилоъ дод, ки "Шахсан ман имрӯз чанд бор бидуни ҳеҷ кадом мушкил ба Фейсбук ворид шудам. Шояд дар ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет кадом мушкили фаннӣ сар задааст… Ман ҳеҷ гуна дастуре дар мавриди маҳдудияти ин сомона надодаам". Аммо воқеият ин буд, ки воридшавӣ ба сомона маҳдуд буд.
Ҳоло масъала ин ҷост, ки маҳдуд кардани Фейсбук дар Тоҷикистон то чӣ ҳад метавонад як кори дуруст бошад?
Бег Зуҳуров нигаронии худро аз ин шабака тавзеҳ додааст, ки дар он бисёр ҳақорату таҳқир нисбат ба мансабдорон ва шахсони ҷудогона карда мешавад. Дар асл чунин
ҳақорату таҳқир дар Фуйсбук зиёд аст, ки як амалаи дуруст намебошанд. Вале дар ҳоле ки ҷаҳон ба сӯйи Ҷомеаи иттилоотӣ (The Information Society) меравад, то куҷо чунин шеваи муносибат метавонад бар нафъи амнияти иттилоотӣ ва дар кулл ба фоидаи амнияти миллӣ дар кишвар бошад? Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ таҷрибаи масдуд кардани ин шабакаро озмойиш кард, ки бисёр ба мушкил анҷом шуд ва созмонҳои байналмилалӣ нигаронии худро аз он изҳор карданд.
Ҷомеаи иттилоотӣ, ки як ҷомеайи боз мебошад ва ворид шудани кишварҳое чун Тоҷикистон ба он ногузир аст, мушкилоти зиёдеро барои кишварҳои ҷаҳони сеюм пеш хоҳад овард. Дар ин гуна ҷомеа иттилоъ мақоми аввалро касб мекунад ва хатароти зиёде ба амнияти миллии кишварҳои номуқтадир пеш меояд. Захираҳои иттилоотии кишварҳое чун Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳо ва хатароти ин ҷомеа нокифоягӣ мекунанд. Аммо аз роҳи ақл ва мудирияти дуруст ҳам мешавад, ки дар баробари ҳама таҳдидҳои ҷомеаи иттилоотӣ "муросо" кард, вале ба ба ҳеч сурат канда гирифтани худ аз ин ҷомеа (мисли масдуд кардани Фейсбук барои паҳн нашудани иттиллоот) "муросо"-и дуруст намебошад.
Паёмадҳое, ки баста шудани Фейсбук ва ҳар сомонаи дигар, ки реша дар маҳдуд кардани озодии баён, ки ҳамчун асоситарин унсури ҷомеаи демократӣ арзиш дода мешавад дорад, барои Тоҷикистон зиёд ҳастанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро кишварҳои хориҷӣ ба сафи давлатҳои маҳдудкунандаи озодии баён, душмани интернет, кишвари худкома, режими ғайридемократӣ ворид мекунанд, ки бидуни баҳс латмаи хеле шадид ба ваҷҳа(имиҷ)-и он дар арсаи байнулмилал мезанад. Шояд ин ҷо суоле ба миён биояд, ки муҳим нест, ки кишварҳои хориҷӣ дар мавриди мо чӣ назар доранд, муҳим он аст, ки амният ва субот дар ҷумҳурӣ таъмин бошад. Бале дуруст аст. Аммо ки метавонад кафолат бидиҳад, ки ин иқдом ба манфиатҳои миллии мо дар дарозмуддат мухолиф нест. Агар амнияти иттилоотӣ ҷузъе аз амнияти миллии мост ва он дар саргаҳи манофеи миллии мо қарор дорад, пас роҳи дурустро дар ҷойи дигар бояд суроғ кард.
Ин амал пеш аз ҳама хеле осебпазир будани фазои иттилоотии моро бозгӯ мекунад. Ва зарурати шадид аст, ки бояд захираҳои иттиллоти миллӣ (чи давлатӣ ва чи ғайри он) барои таъмини амнияти миллат дуруст истифода шаванд. Воқеият тарзе гуфта шавад, ки мардум дигари дунболи овозаву сару садоҳо нараванд ва имкону қобилияти таҳлил кардан ва арзиш додани ҳодисаҳоро пайдо кунанд. Агар "муросо" кардан бо Ҷомеаи иттилоотӣ бо чунин шеваи ғайрикасбӣ роҳ андохта мешавад, аз масдуд кардани Фейсбук ва дигар сомонаҳои иттилоотӣ (агарчи иғвобарангез ҳам бошанд) суде ба манфиати Тоҷикистон нест. Чун мо дидем, ки ҳама аз сомонаҳои деворшикан "проксер ва аннонимайзер"-ҳо вориди он мешаванд. Дар Ирон ҳам Фейсбук маҳдуд аст, аммо тибқи омор сербинандатарин шабака боз ҳам Фейсбук аст.
Ҳамаи ин бозгӯ мекунад, ки роҳи дуруст дар маҳдуд кардан не, балки дар муросо кардан аст. Чаро ки ноилоҷ ҳам муросо кардан воқеияти асри мост ва роҳи дигар надорад. Мебинем, ки масдуд кардани Фейсбук сабаби ба миён омадани чи қадар овозаву тахминҳо шудааст. Маҳдудият шумори таҳқиру ҳақоратро дучанд зиёд кард ва он ба ҳодисаҳои иҷтимоиву сиёии дигар пайванд дода мешавад ва боз ҳам фазои иттилоотии моро буғранҷ мекунад.
Мо медонем ва ин як воқеияти бебаҳс аст, ки дар шароити тезутунд ва қудратхоҳии кишварҳо таъмини амнияти иттилоотӣ барои Тоҷикистон бисёр гарон меафтад.
Аммо ба ҷуз талош ва пайдо кардани роҳи дурусту манфиатбахш, роҳкори дигаре нест. Аз ин рӯ бознигарӣ дар навъи сиёсати иттилооти давлат ба вуҷуд омадааст, ки бояд барои таъмини манофеи миллӣ наздик шавад ва барои халадор нашудани суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ асос гардад. Дар сурати ғайр, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар пешорӯйи маъракаи сиёсие чун интихоботи президент дар соли 2013 қарор дорад, эҳтимолияти наздик ба воқеият ин аст, ки фазо боз печидатар ва контролнашаванда мегардад. Бояд коре кард, ки "Ошибка 324" ба "Иштибоҳи воқеӣ" табдил нашавад.
Иршод СУЛАЙМОНӣ