Соҳибхони афғон бо 40 килограмм маводи мухаддир боздошт гардид
Як шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи нашъадор боздошт гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури дохила иттилоъ доданд, аснои баргузории амалиёти фаврии кормандони милиса Азиз валади Соҳибхон, як шаҳрванди 22-солаи Афғонистон бо ҳудуди 40 килограмм маводди мухаддир дастгир шуд. Манбаъ афзуд, ин сокини Афғонистон аз сӯйи кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуд ва таҳқиқоти муқаддамотӣ собит кард, ки Азиз валади Соҳибхон дар халтачаҳо 16 килограмм ҳероин ва беш аз 24 килограмм навъи дигари маводи нашъадорро интиқол медод. Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҷустуҷӯи ҳамдастони Азиз валади Соҳибхон идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки аз аввали соли равон то имрӯз дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти интизомиву қудратӣ ҳудуди 1 тоннаву 300 килограмм маводи мухаддир забту мусодира гардидааст, ки аз он 170 килояшро ҳероин ташкил медиҳад. {jathumbnail off}