Зарифӣ дар Фаронса бо сарвари ЮНЕСКО мулоқот мекунад
Имрӯз, 11-уми феврал дар дафтари марказии ЮНЕСКО, дар шаҳри Париж маросими расмии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» ифтитоҳ шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок мекунад.Мақсади баргузории чорабиниҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» - ҷалби бештари давлатҳои минтақа ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирок дар ин чорабинӣ бо роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова мулоқот кунад.