"Ҷоми ВКД" ба беҳтаринҳо тақдим шуд
Мусобиқаи футболи хурд ва волейбол таҳти шиори «Солим- бемаводи мухаддир» байни кормандони сохторҳои қудратии кишвар ба анҷом расид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин чорабинӣ аз 16-уми январ то 9-уми феврали дома ёфта, ғолибон бо «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Манбаъ афзуд, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати дастаи футболи «Динамо»-и ВКД иштирок намуд. Мусобиқа дар ду марҳила байни бозингарони сини то 40-сола (24-даста), дар чор зергӯруҳ ва аз 40-сола боло (10-даста) сурат пазируфт. Дар байни дастаҳои аз сини 40-сола боло ҷойи аввал насиби дастаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.Ҷои дуюм насиби дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Ҷойи сеюм ба дастаи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар мусобиқаи волейбол дастаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм насиби дастаи волейболбозони Вазорати корҳои дохилӣ гардид.