Уилям Браунфилд: Таъсиси воҳидҳои нави корӣ дар агентӣ зарур аст
Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ Уилям Р. Браунфилд ҷиҳати баррасии нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ИМА дар ташкили кӯмакҳо дирӯз ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз интиқоли мухаддирот, ҳамчунин ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амнияти марзҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров меҳмони амрикоиро бо вазъи мубориза ва ҷилавгирӣ аз маводи мазкур дар ҷумҳурии Тоҷикистон, чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир меандешад, фаъолияти Агентӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд. Уилям Р. Браунфилд муҳим будани ҳамкориҳои мутақобиларо қайд кард ва ба омодагии тарафи амрикоӣ барои мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои нав дар Агентӣ таъкид намуд. Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи бунёди Маркази омӯзишӣ дар АНМН барои азнавтайёркунии кормандони сохторҳои зиддимухаддирии ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳукумати ИМА аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Тӯли ин муддат ҳукумати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба Агентӣ дар таъмини воситаҳои техникӣ, техникаи ташкилӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз роҳҳои баргузории семинарҳои гуногун ва тренингҳо кӯмакҳои бедареғ кардааст. {jathumbnail off}