Натаняҳу Туркияро ҳампаймони роҳбурдӣ медонад
Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеи огоҳ ба нақл аз наздикони Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ба ҳафтаномаи “Ал-манор” гуфтанд: Натаняҳу бо исрор хоҳони тақвияти равобит бо Туркия аст, зеро ин кишварро ҳампаймони роҳбурдии Исроил дар минтақа медонад.
Бар пояи ин гузориш, ҳамоҳангии амниятии густардае байни Телавив ва Анқара дар бораи бӯҳронҳҳо, мушкилот ва парвандаҳои минтақа вуҷуд дорад.
Ин манобеъ таькид карданд: Натаняҳу ба гуруҳи баландпояи фиристодашуда аз тарафи нахуствазири Туркия гуфта аст, ки вай ба ҳамаи кормандон ва каналҳои хоси вобаста ба равобит бо Туркия, дастур дода аст, то талошҳои худро барои расидан ба болотарин мизони ҳамоҳангӣ бо раҳбарони Туркия, афзоиш диҳанд.
Дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба киштии “Мармар” дар соли 2010, ки фаъолони сулҳталабро ба Ғазза мебурд, 9 фаъоли турк кушта шуданд ва муносиботи ду тараф ба сардӣ гароид . Туркия эълон кард, ки бояд Исроил аз бобати ин иқдом аз давлати Туркия узрхоҳӣ кунад. Пас аз ин ҳодиса равобити ду тараф ба сабаби узрхоҳӣ накардани Телавив, агарчӣ дар зоҳир идома наёфт, вале ин робитаҳо пинҳонӣ ҳамчунон идома пайдо дошт.