Президент: Баҳодиҳӣ ба лоиҳаи «НБО-и Роғун» бояд шаффоф сурат гирад
Масоили марбут ба кӯмаки ин ниҳоди молӣ ва дастгирии бахши энергетикаи кишвар дар ин нишаст баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии райисҷумҳур, рӯзи 19 феврали соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
Танҳо дар соли охири молиявӣ, ки аз июли соли 2012 то июли 2013 идома дорад, ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.Муҳокимаи рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.