Роберт Блейк хостори озодиҳои бештари матбуоти Тоҷикистон шуд
Дирӯз вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикстон мулоқот кард. Баъди ин дидор Блейк гуфт, ки хостори баргузории интихоботи шаффоф, демократӣ ва озоди президентӣ дар Тоҷикистон шудааст.
«Дар ҷараёни мулоқот дар робита бо интихоботи моҳи ноябрии президентӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат шуд ва раиси ҷумҳурро ба он ташвиқ кардем, то шароити баргузории интихоботи шафофу озод ва мунсифонаро таъмин кунад»,-афзуд номбурда.
Ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт, ки дар суҳбат бо президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки то озодиҳои бештареро барои матбуот ва баёни андеша фароҳам намояд.