Вазир ба вазир медал дод
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Рамазон Раҳимов ин нишонро «барои хизматҳои шоистааш дар таҳкими суботу оромӣ дар кишвар» дарёфт кардааст.
Зимнан, аз ин қабл бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бисёре аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди генералӣ сарфароз гардонида шуда буданд.