Маркази ҳавосанҷӣ: Интизори резиши барф бошед
Аз 26 то 27-уми феврал эҳтимол дорад, дар қаламрави Тоҷикистон барф бирезад. Дар ин бора аз Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамила Байдуллоева, масъули ин марказ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 1 то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи номбурда, фардо, 23-юми феврал ҳавои бебориш дар ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуда, эҳтимолан рӯзи 25-уми феврал борон биборад.