Бадахшон ба сокинони ҷангзадаи Сурия кумак мекунад
Сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои кумак ба ситамдидагони ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.
Тавре сокинони ин навоҳӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ҳар деҳкадаи ин вилоят сандуқи хайрия таъсис ёфтааст ва ҳар хоҳишманд ба қадри тавонаш дар он маблағи муайян мегузорад. Дар назар аст, ин кумаки мардуми Бадахшон ба ситамдидагони ҷанги Сурия тавассути Бунёди Оғохон ироа гарданд.
Ин талоши мардуми Бадахшон дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Бан Ки Мун, дабири кулли СММ изҳор дошт, ки барои кӯмаки фаврии башарӣ ба ҳудуди 5 миллион мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия осебдида ва тақрибан 700 ҳазор суриягии дар кишварҳои ҳамсоя панаҳбурда то 1,5 миллиард доллар зарур аст.
Қаблан Кувайт эълом дошт, ки барои ироаи 300 миллион доллар ба мардуми ситамдидаи Сурия омода аст. Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳам ҳамин миқдор пул ваъда карданд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА омодагии худро барои ироаи 400 миллион доллар дар маҷмӯъ эълом доштанд.
Тибқи иттилои Созмони милали муттаҳид аз оғози даргириҳо дар Сурия то ҳол наздики 70 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.