Сабқати шоирон барои ҷоизаи Турсунзода
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, миёни шоирони тоҷик озмун эълон кардааст.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки муассиси ин ҷоиза аст, мегӯяд айни ҳол марҳилаи интихоби номзадҳо ҷараён дорад ва дар назар аст, ки ғолиби озмун моҳи июни соли равон эълон гардад.
Масъулини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯянд, ҷоизаи Мирзо Турсунзода дар ду сол як маротиба тақдим мегардад ва шоире ба он ноил мешавад, ки давоми ду соли охир дар назм дастовардҳое доштааст.