Қатъи пахши барномаҳо дар “Пойтахт”: Сабабҳои техникӣ ё...
Тамошобинони телевизиони “Пойтахт” мегӯянд, бегоҳи 24-уми феврал, аснои пахши барнома дар бораи Гулрухсор Сафӣ, шоираи мумтози тоҷик, фаъолияти ин шабака ба якборагӣ қатъ шуд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, сарвари телевизиони “Пойтахт” рӯзи 25 феврал дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” таъйид кард, ки ин шабака муваққатан пахши барномаҳои худро қатъ намудааст.
Ӯ ангезаи сиёсӣ доштани қатъи пахши барномаҳоро дар телевизиони "Пойтахт" рад карда, изҳор дошт, ки барномаҳо бо сабабҳои техникӣ якчанд муддат пахш намегарданд. Тавре Абдуқодири Абдуқаҳор гуфта буд, масъулони техникии шабака бояд камбудиҳоро то соати 18-и бегоҳи 25 –уми феврал бартараф мекарданд ва дубора пахши барномаҳо ба роҳ монда мешуд. Аммо тамошобинони “Пойтахт” мегӯянд, то ҳол пахши барномаҳо дар ин шабака барқарор нашудааст.
Телевизиони "Пойтахт" шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ ба шумор рафта, шуруъ аз 1-уми ноябри соли гузашта барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо менамояд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин шабака талошҳо барои ироаи минбар ба чеҳраҳое, ки дар шабакаҳои дигари тоҷик ба истиллоҳ “мамнӯъ” ҳастанд ба назар мерасид ва яке аз сабабҳои қатъи пахши барномаҳо ҳам ба ин иқдом рабт дода мешавад.