Озарбойҷон: Алиев хостори мубориза бо ришдорҳо шуд
Илҳом Алиев, вакили парлумони Озарбойҷон, хостори мубориза алайҳи мусалмононе шуд, ки шими кӯтоҳ ва риши дароз доранд.
Илҳом Алиев, вакили парлумони Озарбойҷон, ҷонибдории худро аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни озодии виҷдони ин кишвар изҳор дошта, афзудааст, ки «мо дини худро дорем ва онро қабул менамоем. Мо бояд шахсонеро ки шими кутох мепӯшанд ё риши то сина мегузоранд аз ҷомеа чудо намоем. Зеро ҳарвақт бо онҳо дар кӯчаю хиёбонҳо рӯ ба рӯ мешавем, нисбати онҳо нафрат пайдо мекунем».
Ин изҳороти вакили озарӣ дар ҳолест, ки чанде қабл парлумони ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароии мазҳабӣ ба Қонуни озодии виҷдон тағйиру иловаҳо ворид намуд.