Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба Тюмен
Беш аз 26 дар сади муҳоҷирони қонунии шаҳри Тюмен тоҷикон будаанд.
Тибқи иттилои Раёсати минтақавии хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, соли 2012, расман 1 790 шаҳрванди Тоҷикистон вориди қаламрави Тюмен шудаанд. Аз Узбакистон бошад, дар 12 моҳи соли сипаришуда 2068 нафар барои мардикорӣ ин минтақаро интихоб кардаанд. Ин рақам 34,2 фисади тамоми муҳоҷирони ба Тюменомадаро ташкил медиҳад.
Теъдоди озариҳои муҳоҷири Тюмен 719 нафар гуфта мешавад. Аз Қирғизистон 660 нафар, аз Арманистон 503 кас, аз Украина 257 ва аз Молдов 33 нафар Тюменро ҷои кори муносиб интихоб кардаанд.
Бештари шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ дар Тюмен ба кори савдо ва тармими роҳо машғул будаанд. Ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш низ дар ин миён кам набудааст.
Бино ба иттилои масъулини кор бо муҳоҷирони Тюмен бо далели рушди мусбати бахши иқтисодии минтақа мизони муҳоҷират дар соли 2012 ба 47 дар сад афзудааст.