Ҳосили ғаллаи имсола дар қиёс ба як соли қабл камтар аст
Дар минтақаҳои мухталифи кишвар дарав ва ҷамъоварии ғалла идома дорад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, имсол дар саросари Тоҷикистон дар масоҳати 223.686 гектар замин ғалладона кишт шуда, то имрӯз майдони 44,6% -и он даравида ва 82.904 гектари он кӯфта шудааст. Айни ҳол ҳосили умумии гандум 215.302 тоннаро дар бар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3.632 тонна камтар мебошад, ҳосилнокӣ бошад аз ҳар як гектар 26,0 сентнериро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, аз сабаби тафовути иқлимӣ дар ВМКБ то ҳол ҷамъоварии гандум оғоз нашудааст. {jathumbnail off}